Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
шуда дар қаъри ҷарӣ мехобид, «Волга»-и наппа-наве ба харсанг бархӯрда, пешаш мачак шуда буд. Шофёр ва мусофирҳо гиребонҳои пальтоҳои ғафсашонро бардошта, телпакҳоро ба сар кашида, гирди он ҷунбуҷӯл доштанд.
Бале дар чунин ҳавои қаҳратуни зимистон ба сафар баромадани шофёрҳо хавфнок аст! Аммо кор мебарояд, корҳои зарур, таъҷилӣ. Охир зиндагӣ дар ҳама гуна шароиту холат давом дорад, роҳи он ҳамин хел ноҳамвору печутобдор аст. Одамӣ бояд бо он пеш равад.
Мошин акнун рӯ ба кӯҳ мерафт. Мотори он аз вазнинии бор ва душвории роҳ менолид. Дар ин лаҳзаҳо бори мошин гӯё ба дӯши шофёр буд, азоб мекашид, берун хунук, лекин аз сару рӯи ӯ арақ мерехт. Баъзан суръати гашти мошин суст шуда мемонд, вай «ҳа, ҷонвар, ҳа, ҳа, боз камтари дигар!» мегуфт ба худ. Мошин ба роҳи андаке ҳамвор расид. Нишебиҳо сар шуданд. Онҳо ҳам осонгузар набуданд. Гардишеро тоб хӯрданд. Як мошини МАЗ миёни роҳ монда буд. Аз паҳлуи он роҳ набуд. Аз андаке беэътиной мошин рӯ ба ҷарӣ нишеб шуда мерафт. Мошинҳои бисӯре ғун шуданд, пардаи торикӣ ағбаро ба комаш кашид. Ниҳоят трактор омада МАЗ-ро аз ҷои дармондааш баровард. Роҳ кушода шуд. Шофёр, ки то ин дам духтаракро гузошта ба сари воқиа рафта буд, баргашт.
— Хунук хӯрдед, духтарам? — меҳрубонона ба вай муроҷиат кард.
— Не, амак, он қадар не, — гуфт ӯ.
Мошин ба роҳи ҳамвор фуромад. Гӯё хавфу хатар аз сар дур шуда буд, ки шофёр осуда нафас мегирифт.
— Шумо Душанбе рафтаниед, мехонед?
— Не, амак — ҷавоб дод духтарак ва якбора дилашро ваҳм гирифт. Дар ҳақиқат вай куҷо равона аст? «Ба Душанбе? Орҷоникидзеобод? Куҷо!» Вай куҷо рафтаашро намедонад. Боз дар ин шаб?... Шофёр вайро куҷо мефурорад?
Ба Орҷоникидзеобод даромаданд. Шаҳр дар нури чароғҳо ғарқ буд.
— Духтарам, хо ана аз он ҷо ман мегардам, — шофёр гардишро нишон дод.
Духтар ҷавоб надод, аммо ваҷоҳаташро ташвишу биме фаро гирифт. Шофёр магар инро пай бурд, ки рамузгирона пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё