Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

тарафи паҳн ҳаво дод. Кӯрсича ба дар зад, як чойнику чанд пиёла аз ҷевон афтода шикаст. Акаашро аз наздаш тела дод. Ӯ аз дар берун афтода буд. Мадина дарро аз нав ба рӯяш басту занҷири онро гузаронд. Вай танҳо монда буд, лекин ларзаи дилаш намемонд, баъд ӯ ҷомадонашро аз таги тахмон гирифта либосҳояшро ба он ҷой кард.


Духтаре интизори мошин буд. Аз барф сар то қадам, рӯймоли шоли сиёҳи гирди рӯй печондааш сафед метофт. Шамоли дашт ҳар замон ба вай дармеафтод. Духтар тарафи як мошин бо умед даст боло кард. Мошин аз ӯ каме гузашта истод. Шофёр, як марди миёнасоли бурутӣ, ки мӯйҳои сафедаш аз зери телпаки пӯсти баррагини наппанави ӯ намудор буданд, «куҷо?» гуфта пурсид.

Духтарак ҷавоб надода, ба помонаки мошин баромад. Ӯ дарро нимроғ монда ҷомадончаашро пеши пойҳояш гузошт. Барфҳои рӯймолашро ба берун афшонда, дарро оҳиста пӯшид. Дасту панҷаҳояш аз хунукӣ чун пальтои базебу шинами танаш супсурх метофтанд.

— Якбора бисёр хунук шуд, хоҳар, — гуфта шофёр мошинро ба роҳ гардонд.

— Ҳа, хунук шуд, — пурсиши шофёр ӯро ба худ овард.

— Бисёр маҳтал шудед? — боз ба духтар назар андохта, пурсид шофёр.

Духтарак домони пальтояшро ба рӯи зонувонаш кашида, ҷавобе надод. Шофёр, чун пай бурд, ки вай аз пурсишҳои ӯ дигар маъні меҷӯяд, гашта ба ӯ нигоҳ накард. Роҳи пурпечутоби ағбаи Шаршар сар шуда буд. Мошинҳо аз он чун чигинаҳое, ки ба онҳо барзаговҳои хастаю шалпарро баста бошанд, базӯр пеш мехазиданд. Роҳ пушти мор барин лағжону душворгузар. Як тараф кӯҳ, харсангҳо болои сар овезон. Тарафи чап ҷарӣ...

Ағбаро тумани ғафс ба комӣ худ фурӯ бурда буд. Шофёрҳо гоҳе чароғҳои дурнамо ва наздикбини мошинҳояшонро фурӯзону хомӯш карда, бо суръати паст мерафтанд. Дар роҳ қариб сари ҳар қадам воқеаи нохуше рӯй медод. Як мошини прицепдори калон бероха

пешина
аз 399
навбатӣ