Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Дари хона шараққозанон кушода шуд.
— Ҳой, Мадина, Мадина! Хӯрок тайёр шуд? Чӣ пухтӣ? — Акааш ҳамроҳи ду ҷавони ношинос омада буд.

— Ба ту мегӯям, Мадина, хӯрок пухтӣ ё не?! — баландтар дод зад ӯ.
Мадина сарашро аз миёни кафҳояш нагирифта мегирист.

— Бачам, як дам ором шав, мон, ки ҷонам осон барояд, аз ту фақат ғаму алам дидам... — чашмони камнури модар ҳаросон шуданд.
— Э, мамаш, туро ҳоли ҳеҷ бало намезанад, ту сахтҷонӣ, маро ту мекушӣ.

Суханони акааш дигар ба гӯши Мадина намедаромаданд. Модар болои ҷойхобаш дароз кашид. Суханони ӯро Мадина дигар намешунид.
... Пас аз сари модар рӯзи Мадина дар ҳақиқат сиёҳ шуд. Рафиқони бадмасту дайдуи акааш бисёр буданд. Онҳо ҳамроҳаш хона омада, то рӯз менишастанд, арақ мехӯрданд, карта мезаданд. Шӯру мағал мехест, якдигарро дашном медоданд. Мадина аз ҳарос дуруст хоб рафта наметавонист. Айни хобаш дари хонаи ӯ сахт-сахт кӯфта мешуд, мастҳо пеши вай медаромаданд, ҳоли бародараш ҳам аз онҳо беҳ набуд.

Шабе дар хонаашон боз як авбоши нав пайдо шуд. Мӯйҳои сараш аз китфонаш ҳам поён хамида буданд, ба ҳамроҳонаш монанд набуд. Аз вай ҳамаашон меҳаросиданд. Ба гуфти акааш ӯ «пахан» будааст. Чӣ ки гӯяд фармонаш бечуну чаро иҷро мешудааст. Ана ҳамин пахани бадафт чанд бор тарафи Мадина хандаи нозеб кард, мижа заду абрӯ ҷунбонд.

Дари хонаи хоби Мадина кушода шуд, акаашро дид. Аз паси ӯ пахан меомад.
— Мадина, — гуфт акааш, — ту ба ман хоҳар-а?
— Ҳа.
— Хоҳари ҷони ман, ки бошӣ, — гуфт ӯ, — аз гапам набаро, шарт кардем, акнун ту ба ҳамин пахани мо бӯса медиҳӣ... — ба пояш истода наметавонист вай.

Мадина бо ҳарос аз ҷояш рост шуд. «Чӣ? Акааш ӯро ба шарт гузоштааст. Ба паҳан вай бӯса диҳад?!» Паҳани шумшакл дар рӯ ба рӯяш, чун дев механдад, дандонҳои зард-зардаш намоён. Аз афташ ин махлуқ ширин табассум дорад.
— Дафъ шав, гум шав! — Мадина курсӣчаро бардошта

пешина
аз 399
навбатӣ