Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бармаҳал хеста, барои ӯ шира пухта косаи ҳалилоб дар даст сари болинаш омад, вай ба ӯ нигоҳ накард, лаби кӯрпаро болои чашму абрувони камандзадааш кашида буд.
— Оча, оча, — Мадина рӯи бистари модар ҳам шуда, ба сараш оҳиста даст бурд.
— Ҳа-а духтарам, чӣ мегӯӣ? — Модар хастаҳол тарафи Мадина рӯй гардонд.
— Ҳалилоб, шира пухтам, гармакак, райҳон ҳам дорад...
— Не, духтарам, намефорад, — гуфт модар ва боз ба тарафи девор паҳлу гашт.
Модари Мадина хеле боз нотоб буд. Қариб ду моҳ дар беморхонаҳо табобат дид. Вале аҳволаш беҳ нагашт. «Мана хона баред, ҳолам ба худам маълум»...— талаб карда буд модар.
Акнун як ҳафта боз вай дар хона мехобид. Ба нею нестонаш нигоҳ накарда духтури деҳа ҳар рӯз наздаш меомад, дору медод. Имрӯз аҳволи вай вазнинтар шуда буд, ҳалилоб нахӯрд.
Мадина то охири дарсҳо дар мактаб наистод. Китобҳояшро гирифта бо дидаи пуроб аз дари мактаб берун давид.
— Биё, Мадинаҷон, дар чолот садка, духтари бетақдири оча. Хуб кардӣ, омадӣ, чашмам ба роҳи ту буд.
— Вақте Мадина назди модар ҳозир шуд, вай рӯи бистар такя ба девор дода менишаст. Аз сари рухсораҳои пурожанғаш қатраҳои арақ мерехт.
— Ҳалилоб хӯрдед? — ба косаи хӯроки болои сари модар нигоҳ кард Мадина.
— Даҳонам талх, бачам, ҳеҷ чиз аз гулӯям намегузарад. Наздиктар шин, — модар панҷаҳои шахшӯлашро ба сари Мадина монд. — Ҳоли ту чӣ мешуда бошад? — ба чашми модар об давид.
Вай хотири духтарашро озурда кардаӣ набуд, вале дигар ҷои андеша намонд. Ҳоло, ки мадораш буд, ба духтараш васият мекард.
— Бачам, ҳолам бад. Ақаллан падарат зинда мебуд, ақаллан ту соҳиби хонаю дар мешудӣ. Бесаробон мемонӣ, духтарам, — гирья гулӯгираш кард.
— Модар, ин хел нагӯед! — Фиғон бардошт Мадина.
— Ақаллан ин бадбахти акаат одам мешуд, — овози модар базӯр ба гӯши Мадина меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё