Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
меомад. Мадина пеш-пеш, Шодмон аз ӯ ақибтар ҷониби теппаи баланд рафтанд. Мошинҳояшон дар пастӣ, аз онҳо дур монда буданд.
Мадина болои як санги калони лаби ҷӯӣ нишаст. Шодмон дар он сӯи ҷӯӣ рӯ ба рӯи ӯ истода буд.
— Метарсӣ, ки об мепошам? — дандонҳои сап-сафеди Мадина аз табассуми ширин ба рӯи гандумгунаш ҳусну медоданд, ӯ болои ҷӯӣ, ки сангрезаҳои қаъри он садафосо метофтанд, хам шуд. Чанд панҷа об ба сару рӯи Шодмон пошид. Шодмон хандида-хандида, дар ҳолате ки аз сари рухсораҳояш об мешориду либосҳояш тар шуда буданд, лаби ҷӯӣ омад, як даста гули зарди хушрӯ чид ва онро ба Мадина дароз кард.
— Ман ин гулҳоро намегирам.
— Барои чӣ? Ин гулҳо хушрӯй-ку.
— Гули зард хосияти нек надорад, — бо карашма таъкид кард ӯ.
Онҳо паҳлуи якдигар менишастанд. Деҳа аз дур сердарахт ва каб-кабуд менамуд. Гову гӯсфандон болотар аз хонаҳои мардум канори ёлаҳо дар чаро буданд. Дар поёни ҳавлиҳо себу токзорҳо, анористон... Шодмон ба тамошои деҳа, манзараҳои гирду атрофи он банд шуда фикр мекард, ки Мадина чаро ӯро ин ҷо овард?
— Ба фикр рафтӣ, Шодмон — овози ширини Мадина хаёлҳои ӯро парешон кард.
— Бисёр деҳаи зебо, — гуфт Шодмон.
— Хонаи мо ҳо, ана он ҷо буд, — Мадина бинои нимвайронаеро, ки дуртар аз як садаи сершоҳу барги калон намудор буд, нишон дод.
— Дар ҳамин ҷо ҳам зиндагӣ карда будед? Кай кӯчидед?
Мадина ба ин пурсишҳои ӯ ҷавоб нагуфт. Рӯзҳои дар деҳа буданашон, модараш ба хотираш меомад.
... Он рӯз хаёли Мадина парешон буд. Танаффӯс, ки мешуд, ҳама аз синф мебаромаданд. Саҳни мактаб, ки ҳоло нигоҳи Мадина оҳиста-оҳиста ба ин бинои сап-сафеди дуошёнаи дар байни деҳа ҷойгирбуда меафтод, идгоҳеро мемонд. Бачаҳо давутоз мекарданд, духтарон таги дарахтони ғарқи гул ҷамъ шуда ба кадом як писари соддалавҳ механдиданд, ё ду-се нафарӣ болои сабзазор нишаста гулдӯзиашонро ба якдигар нишон медоданд. Дили Мадина он рӯз ҳаваси ҳеҷ чиз надошт. Хушу ёдаш ба модар – ба модари бемораш. Пагоҳӣ вақте

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё