Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

лекин дам ба дарун гаштем, — ком ва забони Сангин хушк гашт, ҳолаш ба назари Шодмон табоҳ намуд.
— Биё, мон, ҷӯра, ҳамин корро ба хотири ман накун, пеши директор надаро, маро як бор бахш, тавба кардам, бахш! — боз илтиҷо кард Сангин.
Мошине бо шаст аз Сангину Шодмон гузашта андаке дуртар истод. Акаи Асрор сар аз кабина бароварда фарёд зад.
— Сангин, ҳой Сангин, кар шудӣ?
— Биё, Асрор бозор меравад, — Шодмонро ҳам даъват кард Сангин. Шодмон ақиб гашт. Сангин ҷониби мошини Асрор рафт.


Аз рӯзи шофёрии Шодмон қариб ду моҳ гузашт. Дар ин мобайн андаке рами дили Сангин баромада, худро осуда ҳис мекард, ки Шодмон аз фикраш гашт, ӯро шармандаю беобрӯ накард. Вале аз Мадина даст накашида буд. Аз рафтори ҷӯрааш ба дили вай озорҳо неомад, инро худи Шодмон ҳам пай мебурд. Вале Мадина ба дилу дидаи вай бештар ҷой мешуд. Шабҳо ҳам ӯро хоб медид. Саҳар ба база шитофта бо ҳазор орзу бо вай ҳамгап мешуд, аз табассумҳои шакаррин, аз тамошои чашмони бодомӣ, қомати ниҳоли вай лаззат мебурду намегуфт, ки шаб ӯро хоб дида буд. Аввал Шодмон хаёл дошт, ки ин духтарак нозпарвар аст, дар оилаи одамони бадавлат тарбия ёфтааст. Вале баръакс будааст. Рӯзҳои аз сар гузаронидаи Мадина талх, пуразоб буданд, лекин он ҳама нокомиҳо рӯҳи вайро нашикастаанд. Ӯ ҳамеша худро паррандаи озод ҳис мекунад.
Шодмон ҳангоми сафари Кӯлоб аз қисмати ӯ огоҳ гашт.
Онҳо аз шаҳр баромада буданд. Чанд деҳи болои роҳ ақиб монд. Мадина, ки пеш-пеш мошин меронд, теппаеро тоб хӯрда, ба Шодмон ишора кард, ки паси ӯ гардад. Акнун тарафи чанд деҳе, ки аз дур дар фарози теппаҳои баланд ҷойгир буданд, мерафтанд. Аз миёни дара гузаштанд. Дар даромадгоҳи як деҳае таги чормағзҳои азим Мадина аз мошинаш фуромад. Аз таги дарахтони чормағз рӯ ба нишеб ҷӯйчаҳои об ҷорӣ буданд. Об аз боло, аз таги сангҳои калон-калони кӯҳ, ки бо дарахтони дар ёнашон сабзида баробар буданд,

пешина
аз 399
навбатӣ