Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

пули вайро гирифта ба директор дод? Боз Сангинро шафеъ меорад? Ин аҳмақ барои исботи даъвояш ҳар кор мекунад. Аз гиребони Сангин мегирад, ҳамин хел гапу дам не, дар пеши одами бисёр — шофёрҳо, коргарони база кашолаш мекунад, мегӯяд, ки ин одам миёнарав. Чӣ шӯре бармеангезад! Фалокат аз тағи по мехезад гуфтаанд, рост будааст. Давлату савлаташ, обрӯи дар пеши роҳбарони база доштаи Сангин дар як дам чун хубоби рӯи об барҳам мехӯрад. Инро пешгирӣ кардан лозим, ҳамин ҳозир, ҳамин лаҳза! Дер мешавад, ҳаёту мамоти вай ҳоло дар дасти Шодмон. Чон ғурур намонд. Пеши пои ӯ афтода зорӣ мекунад, мегӯяд, ки аз раъяш гардад, ба вай раҳм кунад, пеши директор надарояд, гуноҳ аз Сангин гузашт, айби ӯ! Падараш фақат насиҳат мекунад, ки асло ҳавобаланд набошад, шикастанафс шавад. Санги вазнинро аз сари роҳаш дур афканда, ки натавонист, зӯри беҳуда назанад, онро бибӯсад, тавофаш кунад. Ҳа, мӯйсафеди падараш беҳуда ин гапҳоро намегӯяд, зиндагидида аст... Шодмон-ку? Нигоҳаш ӯро меҷӯст. Ана вай, дур нарафтааст, хода барин пеши одамон истодааст.

— Шодмон, — Наздик омада ба оҳанги сулҳхоҳона гуфт вай, — ҷӯра, баъзан ту андак тез мешавӣ. Наход нафаҳмӣ, ки ман ба ту фақат некӣ мехоҳам, бародаронам ту аз ман наздиктарӣ. Бо ҳам хондем, ҳамеша ҳамроҳем. Дар қишлоқ ману туро акаю додар мегӯянд. Шабу рӯз дар хаёл будам, ки чӣ тавр туро ба ҳамин базаи худамон ба кор орам. Лекин, ҷӯраҷон, бовар кун, ки ин хел корҳо бепул намешавад, ба ту нафаҳмонда ба директор пора додаму корро буд кардам, медонистам, ки инро ту намехоҳӣ, ҷанг мекунӣ, барои ҳамин аз ту пинҳонӣ ба вай пул додам. Бовар кун, барои он рӯямро сиёҳ кардам, ки ҳамкор шавем. Ана айби ман ҳамин, маро бубахш, илтимос, пеши директор надаро, ба ҳеҷ ҷо арз накун. Агар ту ин гапро овоза кунӣ, медонӣ ба сари ман чӣ рӯз меояд? Шарманда мешавам, аз кор пеш мекунанд... Боз як гап, ки ҷӯра, мо чандтарафа сӯхтем. Хаёл мекунӣ, ки ин Асрори лаънатӣ ба ман ҳамин хел ёрӣ расонд, бе чиз мошин гирифта дод? Не, вай моро хонасалот кард. Барои директору барои фалон инспектор гуфта ҳар рӯз як чиз ним чиз меканад. Ману мӯйсафеди падарам ҳоло ҳам хизматгори вай. Хушаш намеояд, ки оби худашро ҳам шуда нӯшад, «Сангин!» фарёд мезанад... Гапи бисёртар, чӯра,

пешина
аз 399
навбатӣ