Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ба ҳашари акаи Асрор рафта будӣ?
— Рафта будам, падарамро ҳам бурдам.
— Нағз кардӣ.
— Ту ҳам нарафтӣ, нағз кардӣ. Ту ки нарафтӣ, кори мардак монд, буд нашуд.
— Беҳуда алов нагир, ман аз ту як гап пурсиданӣ.
— Пурс.
— Барои мошини ман пул додӣ?
— Ҳа.
— Чанд пул?
— Аз панҷсад зиёд.
— Пула ба кӣ додӣ?
— Ба директор, ба Остон Ваҳҳобович. Кори ганда шуд? Соҳиби мошин шудӣ. Нахоҳӣ, пулатро гир, харидори мошин бисёр, аз ҳазор сӯм зиёдтар медодагӣ-ҳо хастанд. Дар ду дунё ҳам ту соҳиби мошин намешудӣ, лекин аҳмақи тани ман шуд, ки ба ту ёрӣ расондам. Аз кори кардагиам пушаймонам, ту бенамак, садқаи ҷӯрагӣ шавӣ.

Шодмон ором буд.
Сабаби «бенамак» гуфтани Сангин ба Шодмон, албатта маълум. Ҳамааш барои Мадина. Дар асл ӯ ба Шодмон гуфтанӣ буд: «Садқаи ҷӯрагӣ шав, ба духтараке, ки ман дӯст доштаам, чашм ало кардӣ...»
— Сангин, ман медонам, ки барои чӣ ин қадар сӯхта бирён шуда истодай. Ғаму аламатро мефаҳмам. Лекин ҳамин кори бо пора барои ман мошин гирифта доданатро бегап намемонам.
— Ба суд медиҳӣ? Ба газета ҳам навис, — таъна зад Сангин.
— Менависам!
— Маро танқид кун.
— Ту пулро ба директор додӣ?
— Ҳа, ҳа! Ба директор пул дода ба ту мошин гирифта додам. Чӣ ин қадар маро истинток мекунӣ? Тавонӣ маро суд кун, чӣ ки аз дастат ояд, кун! — Сангин муштҳояшро гиреҳ карда пой бар замин кӯфт.
— Тез нашав, Сангин, зинда бошем, об ба лаби чӯб баробар мешавад. Ман ҳозир рафта пеши директор медароям, туро бо Остон Ваҳҳобович рӯ ба рӯ мекунам. Лекин аз гапат нагард, мард бош, гапи мард якта.
— Гуфтам-ку рав, кори аз дастат меомадаро кун!

Шодмон рафт. Чӣ? Ин одам ҳамин ҳозир бозор рафта, ба Остон Ваҳҳобович мегӯяд, ки ӯ порахӯр? Сангин

пешина
аз 399
навбатӣ