Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Дидӣ, як ҷӯраи Ҷониат, бачаи Ҳотамбахшӣ ҳам аз ту рӯй гардонд. Барои чор сӯм...
— Дада, гап дар сари пул не, ман пора дода кор ёфтан намехоҳам.
— Ҳоло зӯр наомадааст, бачам, зӯр биёяд, пора ҳам медиҳӣ, хонаи ана вай Асрор ҳам рафта кор мекунӣ. Лекин ҳамаи ин номаъқулиҳои ту аз мастӣ, ҳоли ман дар болои сарат, зиндагиат тинҷ, осуда, парвои ҳеҷ чиз надорӣ.
— Не, дада, мурам ҳам пора намедиҳам, хонаи Асрор барин одамон рафта кор намекунам, — гуфт Шодмон.
— Кошкӣ ту ҳамин хел марди баору номус шавӣ... — дар лабони амаки Азизхон ханда дамид, вале дарҳол қиёфааш дигар гашт, боз пеши чашмонашро ғазаб гирифт. — Зиндагиат душвор мешавад, рӯзи нек намебинӣ, — дили падари барои фарзандаш сӯхт.
— Бо Сангин пагоҳ гап мезанам, — гуфт Шодмон.
— Боз гапи ҳамон як-ду сӯми сабил? Ба сарат бало меорӣ. Баъд дар он база кор карда наметавонӣ, Асрор заҳрашро мечаконад, аз дасти вай ҳар кор меояд.
— Ман аз вай наметарсам.
— Ақаллан гапи ҳамин пулро мон, душманатро зиёд накун, ғами ҷони худатро хӯр, беақл нашав, — таваллоомез гуфт падар.
Рӯзи дигар Шодмон бо Сангин дар истгоҳи пеши дӯкони деҳа вохӯрд. Ӯ бо хаёли Сангин ва хархаҳаҳои дар ду-се рӯзи охир ба сараш омада қатори одамон болои хараки дарози таги арча нишаста буд, ки ҷӯрааш намоён шуд. Чашми Сангин ба Шодмон ғалтиду як тараф кабид. Аммо Шодмон пеши ӯ омад.
— Салом, Сангин.
Сангин саломи ӯро базӯр алек гирифт.
— Хона биё гуфта будам, наомадӣ.
— Вақт надоштам, — ғурунгос зад.
— Ин қадар ту серкор?
— Ҳа, кори як касро кунӣ савоб мешаваду увол не.
Гапи Сангин тагдор буд, кадучааш ба ӯ равшан:
хонаи акаи Асрор нарафт, падарашро намонд. Дилҳои инҳо низ пуралам будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё