Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аҳа, ҷавоб дода наметавонӣ, забонат намегардад? Шарм медорӣ? Охир, ман-манӣ мекардӣ-ку! Дидӣ, маҷбур шудӣ, ҳатто мӯйсафеди падаратро ба хизмати вай фиристодӣ. Мошин ҳам ҳамин хел наомад, пора додӣ...

— Не, дада! — Шодмон аз паси падар фарёд зад.

— Чӣ не? — амаки Азизхон баргашта ба писараш
нигарист.

— Ман шуморо намемонам, ки хонаи акаи Асрор равед, намемонам, наравед! — Шодмон дар миёни роҳ шӯру мағал бардошт, роҳакиҳо ҷамъ омаданд, Асрор ҳам пайдо шуд.

— Чӣ гап, амак?

Пирамард чӣ гуфтанашро надониста, пеши Асрор
ранг бурда ранг меовард.

— Бачам, Асрор, дод аз дасти фарзанди нохалаф,
— гиряи амаки Азизхон омад.

— Ман падарамро намемонам, ки рафта дар хонаи
шумо кор кунад. Намемонам! — дод зад Шодмон.

— Акаи Асрор аз шунидани ин суханҳо бехуд шуд:
«Ин хурӯсҷӯҷа чӣ чиқ-чиқ дорад? Падарамро намегузорам, ки хонаи шумо рафта кор кунад, мегӯяд? Намонӣ, бало ба пасат, кори ман бе тую падарат ҳам буд мешавад, дафъ шав! Ҳам ба як реза ҷонаш ба ман часпидааст-а! Чӣ мехоста бошад?»

— Намемонӣ! — пурсид ӯ.

— Ҳа, намемонам, — такрор кард Шодмон.

— Медонӣ чӣ, хурӯсҷӯҷа, ту бо ман сарбасар нашав, беаҷал мемурӣ. — Бо ҳазор андеша Асрор худро аз роҳи ҷаҳл гардонда ба роҳи хонааш даромад. Вай мегуфт: - - Дар хотир дор, ман туро намебахшам, рӯзе пеши поям меафтӣ зорӣ мекунӣ, агар ҳамин тавр нашавад, номи ман гум, номам Асрор не!


Ҳамон рӯз бегоҳ шуду падараш ба Шодмон ҳарфе нагуфт. Аҳли оила ҳама бедимоғ буданд. Бо Шодмон ҳатто хоҳараконаш қаҳрӣ шуданд. Ниҳоят қарибиҳои шаб, вақте ки модари Шодмон дастурхон густурду ҳама ҷамъ шуданд, амаки Азизхон бо писараш ҳамгап шуд.

— Бачам, ту бо ин гарданшахиат оқибат хор мешавӣ.

пешина
аз 399
навбатӣ