Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

наомад. Дар ин шаб хаёлан бо даҳҳо кас ҷанҷолу хархаша бардошта хастаю бемадор шуд.

Офтоб баромад. Боғи Асрор, ки аз болои бом менамуд, серодам мешуд. Ҳашаракиҳо ва мошинҳо паи ҳам меомаданд. Сангин дар миёни онҳо ин сӯ, он сӯ медавид.

— Шодмон, хез, дер шуд. Дар хоб мондӣ-чӣ? — падар ӯро аз миёни ҳавлӣ чеғ зад. Вай аз нардбони баланди оҳанин поин фуромад. Падар каланди калоне дар даст, дар пеши дарвозахона нигарони вай меистод.

— Рафтем, бачам, мардак дина моро одам гуфта ба ҳашар хабар кард.

Шодмон ба гапҳои падараш эътибор надода офтобаро аз дасти хоҳараш гирифта дуртар аз пешайвон дасту рӯй мешуст.

— Ё ту чой нӯшида баъд мебиёӣ?

— Шумо куҷо рафтани, дада? — бо дастрӯймоли гулдори калон дасту рӯяшро поккунон пурсид Шодмон.

— Чӣ, ту намедонӣ, ман куҷо меравам? — падар маънидорона хандид, — ҳашар... Хонаи Асрор...

— Ҳеҷ ҷой намеравед, дада, мо хизматгори дари вай не.

— Дар ин замони серию пурӣ, ҳеҷ кас, бачам, хизматгор нест. Шукр мӯҳтоҷу дармонда нестам. Лекин, одамгарӣ, қавму ҷамъ гуфтани гапҳо ҳаст. Одам бо одам зинда. Аз кор ҳеҷ кас кам нашудааст, як умри падарат дар кори мардум гузашт, рӯзҳое ҳам шуд, ки хокистари одамонро партофтам, оғилҳошонро рӯфтам, чӣ хизмате мефармуданд, «не» намегуфтам. Имрӯз ҳам, чи коре гӯянд, медавам. Бо кори як касро кардан одам аз калонӣ нағалтидааст.

— Не, дада, хонаи ҳамин одам рафта кор накунед, наравед, дада! — илтиҷо дошт Шодмон.

— Бачам, ту ба ман гап ёд надеҳ. Ҳоли ақли ту ба ҳеҷ чиз намерасад. Пагоҳ мурдаи ман аз дасти ҳаминҳо мебарояд. Як худи ту ҳеҷ кор карда наметавонӣ, соҳиби мурдаю зиндаи ман халқ, — падар сӯи дарвоза қадам ниҳод. Хаёли Шодмон, ки падараш каланд дар сари китф, аз кӯчаҳои деҳа ба хонаи Асрор равон буду ҷӯраҳояш хандида падарашро ба вай нишон дода мегӯянд:

— Салом, Шодмон, вай кӣ?

— ...

пешина
аз 399
навбатӣ