Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
гашта «Хайр, равед» гуфт... Сангинро дид. Боз паси дари кабинети директор истодааст... Дар боз мешаваду Шодмонро Сангин ба назди директор мехонад. Акнун директор ба каси андаке пеш дидааш монанд набуд. Даҳонаш пури ханда, аз забонаш шаҳду шакар меборад... Ба ӯ мошин медиҳанд, аз ҳама муҳимаш Мадинаро мебинад... Лаҳзаҳои нохуш, ки ӯ тоби ба хотир оварданашон надорад: Сангин — ҷӯрааш аз вай ранчид. Гӯё вай ба директор пора додааст, акаи Асрор буруташро тоб дода-тоб дода, ба ҳавлии онҳо медарояд...
Ӯ дигар давоми ин воқеаро пеши назар овардан намехоҳад, вале аз паси ҳазор кабат дару девор дунболгираш мекунанд, ӯ гурехта наметавонад...
Сабаби дар назари Асрор шум буданашро Шодмон медонад. Борҳо суханашро шикастааст. Боре аз дарс баромада буданд, ки акаи Асрор бо «МАЗ»-аш пайдо шуд.
— Бачаҳо, канӣ ҳамаатон ба мошини ман шинед, аз сой санг бор мекунед, ҳа, шинед, қобилҳо, — гуфт ӯ.
Сангин ба кабина, дигарон зуд ба соғуи мошин часпида баромаданд. Танҳо Шодмон бо онҳо ҳамроҳ нашуд.
Дар байни бачаҳои мактаб баъзан баҳс мешавад:
— Кӣ дар хонаи акаи Асрор кор накардааст?
— Ман! — Шодмон бо ғурур қадаме ба пеш мениҳад.
— Ту шофир шудан намехоҳӣ?
— Мехоҳам!
— Ин хел бошад ту ҳам ягон рӯз аз вай ёрӣ мепурсӣ, ҳатто хонааш рафта кор мекунӣ.
— Ҳаргиз! Ҳм, худи вай кӣ?
— Мебинем.
Ҳамин гапҳои Шодмонро ба акаи Асрор расондаанд. Вай Шодмонро бад дидааст. Лекин падараш пагоҳ хонаи вай меравад, кор мекунад. «Мебинем» гуфта буданд ба ӯ ҳамсинфонаш. Дар ҳақиқат мебинанд, ки пас аз як рӯзи шофёр шудани Шодмон падараш ба хизмати Асрор рафтааст. Не, ӯ падарашро аз роҳ мегардонад... Дар масъалаи пул ба Сангин ҳам гап мезанад, аз афташ онҳо ҷанҷол мекунанд. Чаро ба сари ӯ ин хел рӯзҳо омаданд. Ҳамааш боз дар як рӯз...
Бо ҳамин хаёлҳо шаб саҳар шуду ба дидани ӯ хоб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё