Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

гуфтам, директор ҳам омаданӣ буд, гӯсфанд мекушем, як тӯйча барин мешавад.

— Меравам, додар, албатта меравам, — амаки Азизхон дастҳояшро пеши бар гузошт.

— Шодмонро ҳам гӯй, биёяд, бо калонҳо шинос мешавад. Одамгурез шуданаш нағз не.

— Албатта Шодмонҷон ҳам меравад, додар. Лекин Асрорҷон, Шодмони моро таги қанот каш, роҳ нишон деҳ, — падар пеши Асрор илтиҷо намуд ва Асрорро то роҳи калони мошингард гусел кард.


Чун ҳаршаба ҷоғаҳи Шодмонро хоҳронаш болои бом густурданд. Аз болои боми баланди хонаи онҳо дар шаби моҳтоб то дуродури деҳа, хонаю ҳавлиҳо намоён буданд. Аз боло, аз тарафи кӯҳ, ки он ҷо бисёри ҳавлиҳои аҳли деҳа ҷойгиранд, шамоли сард омад, оби сой аз поёнтари ҳавлии онҳо, аз қаъри дара бо як маром гулдур-гулдур садо медод. Овози суруду доира аз ҳавлии бобои Ҳасанхон, ки ҳамон рӯз писараш аз хизмати ҳарбӣ баргашта буд, хомӯш мегашт. Аҳли деҳа, ба хаёли ӯ, кулли ҷонзоти он, хоб рафта буданд. Танҳо ӯ бедор буд. Даруни ҷойхобаш паҳлу мезад, аз як то даҳ, то сад мешумурд, хобаш намебурд, кӯрпа ва болиштро ҳам болои сараш мекашид, аммо намешуд. Кӯрпаро аз рӯяш дур меафканд, болиштро бо ғазаб як тараф ҳаво медод, рӯ ба осмон оварда ситора мешумурд. Ҳазор андар ҳазор, беҳисоб буданд онҳо ва гӯё аз осмони лоҷуварди баланд ба ҳоли ӯ механдиданду ҳусну ҷилои тоза меёфтанд. Хаёли ӯро ситораҳо ҳам бо худ бурда наметавонистанд. Фикру зикри Шодмон ба воқеаю ҳодисаҳои он рӯз аз сар гузарондааш буд. Аз нав пеши назараш мегузаштанд онҳо.

Паси дари баланду васеъ, рӯи он бо матои сиёҳ пӯшида шудааст. Он гоҳе кушода, гоҳе баста мегардад. Ӯ дохили хона шуд. Афту башараи директор ба назараш хунук тофт. Одами дурӯя будааст. Дар як дам бо ҳазор забон ӯ гап зад: «Шумо кӣ? Куҷоӣ? Хона, падару модар доред? Онҳо дар чӣ вазифаанд? Киро мешиноседу киро медонед?» Ва ниҳоят афсӯс хӯрда гуфт, ки кор нест. Вале ҳангоми аз ҷой бархоста роҳӣ шуданаш ишора кард, ки биистад, боз дар як дам аз ақидааш

пешина
аз 399
навбатӣ