Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

тум не, каллаи саг барин пул гирифт. — Асрор панҷаҳояшро бо ҳам наздик оварда: — ана ҳамин қадар! — гуфт. — Амак, — вай ба амаки Азизхон рӯ овард, — ту ришатрод дар куҷо сафед кардӣ? Ба ин булбулакат гап ёд те, зиндагиро фаҳмон, ин бача ба худат нарафтааст. Ё мегӯм, вақтҳои се-чор моҳ аз паси гӯсфанд гаштанат янга тарафи дигар нарафта бошад, — баланд хандид Асрор ва: «янга, ҳой янга», — гуфта, очаи Шодмонро, ки табақи кабоб дар даст аз ошхона берун меомад, чеғ зад.

— Лаббай, Асрорҷон. — Модар лаби рӯймоли гулдорашро, ки пеши рӯяш омада буд, газида механдид.

— Мегӯм ҳамин Шодмони ту ҳалолӣ аст?

— Намурӣ, Асрор, аз ту кай гапи бамаънӣ мешунавем! — модар табақро болои дастархон монда ақиб гашт.

Амаки Азизхон ва Асрор ба табақи гӯшт даст бурданд. Ҳар ду хомӯш гӯшт мехӯрданд. Шодмон бо онҳо ҳамроҳ нашуд. Вай бедимоғ ба пиёлаҳо чой рехта ба акаи Асрор як назари нафратангез фоканд. Гӯё ӯ аз гуруснагӣ ба ҷое расида буд, ки аз болои табақ сар набардошта ҳашпашкунон гӯшт мехӯрд. Аз кунҷи даҳон ва зеҳи ангуштони кӯтоҳкӯтоҳаш равған мешорид. Асрор рӯи табақ ҳамтар шуда як пора дунбаи калонро аз пеши амаки Азизхон бардошта, ақибтар нишасту гуфт:

— Амаки Азизхон, ҷилави бачата каш, насиҳат кун.

— Рост мегӯӣ, Асрорҷон, бо ҳамин бача силу зардобам, ба насиҳатам гӯш намекунад.

— Гуфтам ку, ин бача худат нарафтааст, қонундон... Як номаъкулиҳое мекунад, ки ҳайрон мемонӣ. Гӯй, ҳамин мухбириашро ҳам бас кунад, айб аст. Шофир, ки шудӣ дузд мешавӣ, дуздӣ накунӣ, лабат ба нон намемерасад.

— Рост мегӯӣ, додар, ҳаққи гапро гуфтӣ, ба ҳар коре дастат расид, даҳонат ҳам мерасад.

— Аз худат гап намемонад, амак, — Асрор дастони равғанолудашро ба лаби дастархон пок карда ба амаки Азизхон гуфт:

— Пагоҳ ҳашар дорем, деворҳои боғ гаштаст.

— Лой кунем, мегӯӣ?

— Ҳа, лой мешурем, санг овардан лозим, бачаҳо бетон меоранд. Шофирхон база меоянд. Инженерро

пешина
аз 399
навбатӣ