Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ҳа, Асрорҷон, додарат ҳамин рӯз мошин гирифтааст, — гуфт падари Шодмон бо Асрор вохӯрда.
— Нағз, аз ту дида бачаат ҳазор бор беҳтар, мошин ҳай мекунад, сари гӯсфанд ҳам дигар пиёда намеравӣ, обилаҳои поҳот гум мешавад... Асрор таънаомез гап мезад, суханҳои ӯ ба Шодмон намефорид. Ҳайрон буд, ки падараш чаро ба пичингҳои ӯ ҷавобе намегӯяд.
Асрори болои чор қабат кӯрпачае, ки амаки Азизхон барояш густурда буд, гузашта нишаст. Дар пойҳояш калуш, аз болои яктаҳи тики сурх миёнашро бо миёнбанди гулдӯзии рангаш парида баста буд. Тоқияш ҳам кӯҳна, пешдомани ҷувозкашҳо барин сиёҳу чиркин. Дар ҷои шим эзори обшустаи суф пӯшидааст. Дар кӯчаҳои деҳа ӯ аксар вақт бо ҳамин либосҳо мегашт.
Кӯҳансолон ҳикоят мекунанд, ки дар замонҳои пеш дар деҳа ба монанди акаи Асрор як одам зиндагӣ мекардааст. Соҳиби рамаву галаҳои уштуру асп будааст. Вале либосҳои кӯҳнаву дарида пӯшида мегаштааст. Дар сараш як арақчини безеб, дар пойҳояш кафшҳои калон-калони чӯбин, дар танаш куртаи шерозадори пурямоқ... Ана ҳамонҳое, ки он бойро дида буданд, Асрорро бо вай қиёс карда бо ханда ӯро «бойбобо»
мегуфтанд.
— Хайр, амаки Азизхон, бача шофир шуд гӯй, бахудо, ки ин барои ту давлати азим. Мегӯянд-ку, гоҳе аз кафтархона як булбул мебарояд, бачаи ту ҳам ҳамин хел шуд, таёқи чӯпоният бесоҳиб монд, ҷонашро халос кард, хурсанд шав, илоҷаш бошад, як тӯй деҳ.
— Садкаи саратон, додар, ҳар чӣ гӯед мешавад.
— Аз ҳамон бӯрдоқиҳо ду-сетаашро сар мезанӣ.
— Садкаи саратон, додар.
— Мошин чанд пул ғалтид? — Асрор аз афташ, бо Шодмон, ки паҳлуи падар бо сари хам менишаст, гап заданро эб надонид, ки аз амаки Азизхон пурсид.
— Панҷсад сӯм, гуфт Сангин.
— Дурӯғ аст ин гап, дада, ман ягон тин надодаам! — Шодмон бетоқат шуд, рухсораҳояш алов гирифт.
— Бепул ба ту мошин доданд? — нигоҳи ғазаболуди Асрор ба рӯи Шодмон баста гашт.
— Ҳа, Сангин ёри расонд, пеши директор даромад.
— Ҳамин Сангини бачаи Ҳотамбахшӣ? Худи ин фисин кӣ? Ё директори база ба вай язна мешавад, ки ба як гапаш ба ту мошин медиҳад. Аз вай директор каму

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё