Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

акнун ба хаёл афтода буд: кампир аз як ҷиҳат рост мегӯяд, касе хонаи акаи Асрор рафта кор кунад, дар дил тамаъ дорад. Яке ёрӣ хоҳад, дигаре ба кунҷора, шифер, тахта ё ягон чизи дигаре ҳоҷатманд аст. Ана кампири Ҳасратбегим ӯро ҳам ба қатори ёриҳоҳон доровард. Лекин кампир саҳв мекунад. Ӯ аз он зоте нест, ки омада-омада аз ҳамин Асрори ба гуфти баъзеҳо «дасти росташро аз чапаш фарқ намекардагӣ» мадад хоҳад. Не, ҳаргиз! Вай ҳамон рӯз хонаи Асрор нарафт. Ба падараш «фаҳмидам» гуфтани Шодмон ҳамин маъниро дошт, ки ӯ рост мегӯяд, Сангин дар хонаи акаи Асрор ҷон канда буд. Лекин Шодмон барои ба кор қабул шуданаш ягон тин надодааст. Сангин кадом пулро дар назар дошта бошад? Аз падари ӯ сесад сӯм гирифтааст. Барои чӣ? Димоғи Сангин барои Мадина аз Шодмон сӯхта буд. Аз афташ аламаш омада гап бофтааст, ки Шодмон пора дода мошин гирифт. Гапи ганда, фикри аҳмақонае ба сараш омадааст. Дар қишлоқ мегӯянд, ки Шодмон пул дода мошин гирифтааст. Ӯ чӣ хел ба ин мошини сабилӣ мешинад, бо кадом рӯ онро ҳай карда меорад?

— Гапи пул нашуда буд, дада, вай ба ҳеҷ кас ягон тин надодааст, дурӯғ мегӯяд, беҳуда шумо ба вай пул додед, ман ин пулро аз ӯ мегирам, бо директор ҳам дуруст гап мезанам. Барои пора додан одамро суд мекунанд, — Шодмон тарафи дарвоза рафт.

— Ист, сабук нашав, сад бор гуфтам, ки сабук нашав. Ту бо ин хислатат аз ҳама ҷудо шуда мемонӣ. Барои пул бо Сангин ҷанг кунӣ шармандагӣ мешавад, мефаҳмӣ, шармандагӣ! — оташин шуда падар пошнаҳои мӯзаи калон-калони брезентиашро ба замин кӯфт. Модар ва хоҳарони Шодмон аз ин дараҷа ба ғазаб омадани амаки Азизхон ба ҳарос афтода чун гунҷишкакон гарданҳошонро ба дарун кашида ба ӯ нигоҳ карда монданд.

— Амаки Азизхон, ҳой амаки Азизхон, дар хона ҳастӣ? — Асрор дарвозаро кушод.

— Биёед, Асрорҷон, биёед!

— Биё нагӯй ҳам омадем.

— Хуш омадед, марҳамат! — дар миёни ин чанд лаҳза гӯё байни амаки Азизхон ва писараш гапи пас-тубаланде нагузашта буд, ки чеҳрааш кушода гашт.

— Шунидам, бачаат одами калон шудааст, мошин гирифтааст, муборак шавад!

пешина
аз 399
навбатӣ