Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
забони гап задан намеёфт. Ба ҳазор андеша мерафт. Алалхусус меҳаросид, ки боз номи «хабаркаш»-ро нагирад. Бори ин ном барои ӯ бисёр вазнин буд.
Як пагоҳӣ бобои Умархон чунин воқеаро шоҳид гашт: директори ҷавон чун одат аз ҳама аввал, ҳанӯз офтоб набаромада баъди салому алек аз назди бобои Умархон гузашта, ҷониби идорааш тоб хӯрд. Шофёри «накукор, одами бечораҳол» ҳам пайдо шуд, аз паси директор рафт. Асрор, ки ин пагоҳ ришу бурутҳои мошу биринҷ шудаашро андаке қайчӣ зада, ба сар тӯппии чоргули фарғонадӯхт пӯшида буд, бо се нафар аз дарвоза дуртар ба ҳараки таги дарахти тут нишаст. Мошини милисия омад. Он каме дуртар аз дарвоза истод. Се нафар милиционер аз мошин фуромада дастҳояшон дар кисаҳои боронии осмонирангашон гирди он мегаштанд. Шофёри «накукор, одами бечораҳол» аз идораи директор берун омада, рӯ ба дарвоза давид. Ба милиционерҳо ишорате карду худ назди Асрорино рафт.
Баъди ҳамаи ин бобои Умархон воқеаи аз ҳама нохушро шоҳид шуд. Он лаҳзаҳоро имрӯз ба хотир орад, ҷигараш пора мешавад. Милиционерҳо Фахриевро аз идорааш пеш андохта бароварданд.
Ӯ вақте аз назди бобои Умархони беҳолу бемадоршуда мегузашт гуфт:
— Амакӣ, ба тӯҳмат ғалтидам, одамро шинохта намешудааст, ин зот инсон набудааст, бисёрӣ будаанд, бисёрӣ... Ӯро дигар гап задан намонданд. Фахриев ба база дигар наомад. Ба ӯ чӣ карданду накарданд, бобои Умархон намедонад, фақат медонад, ки бечора ба тӯҳмат печид. Асли гап дертар ба ҳама маълум гашт. Ҳамон шабу рӯз як хеши Фахриев фавтида буда-асту ба ӯ дусад ё сесад сӯм пул зарур шудааст. Ӯ ана ҳамин қадар пул аз шофёри «накукор, одами бечораҳол» қарз мехоҳад, то рӯзи маош то ҳафтаи оянда. Ӯ бо дилу ҷон розӣ мешавад. Асрору ҳамроҳони ӯ ба идораҳои махсус хабар медиҳанд, ки директори базаи онҳо порахӯр аст, ягон мурват бепора ба даст намеояд, пул надиҳӣ, кор буд намешавад. Мисолаш пагоҳ ҳамкори онҳо шофёри «бечораҳол» барои кадом як қисми мошин бояд ба ӯ пул диҳад.
Бобои Умархон ин воқеаро ба Шодмон ҳикоя карда гуфт, ки ана ҳамин кори зиштҳо ҳам Асрор карда буд, имрӯз бо ҳамин роҳҳо ӯро ҳам ба дом афтондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё