Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

рин ба Нозимӣ... Баъд барои бачаҳояш Нозимӣ нафақа медиҳад, ними маошаш насиби шумо мешавад, — ҳамон ҷавон бо Мушарраф ҷанҷол бардошт. Ба Қутосӣ ҳархашаи ӯ нафорид, нӯки асояшро боло кард. Маъниаш маълум: хомӯш шавад. Ба роҳашон рафтанд. Муҳаррир Мавлонзода ҳам.

Мушарраф барои хонавайронӣ, барои аз падар ҷудо шудани фарзандонаш аз ҳамкорони шавҳараш, аз калони онҳо Мавлонзода, аз устоди арҷманди вай нависанда Қутосӣ гиламанд аст. Мавлонзода, агар ба миён медаромад, ӯро сарзаниш мекард, вай боз ба назди фарзандонаш бармегашт. Як гапи додаи Меҳрубон ҳам ҳамин муҳаррирашон буд, ду гапаш ҳам: «Мавлонзода одами зӯр, босавод, бомаънӣ, бообрӯ...», ӯро мепарастид. Ба хаёли Мушарраф агар ҳамин одам Нозимиро «мур» гӯяд, немурад, «зӣ» гӯяд, мезияд. «Маро ҳамин Мавлонзода одам кард», ба хотир меовард Нозимӣ.
Вақте шавҳараш аз хона рафт, ҳамин одам ба хаёлаш расид, роҳи идораи шӯрои маҳалла, судро пеш нагирифт. «Суду милисия, ҳамаи идораҳо барои ман Мавлонзода, бофаҳму бофаросат аст ӯ. Барои фарзандояшро партофта думи вай духтари наврас, артисткаро гирифтанаш ба Нозимӣ ҷазо медиҳад, дар пӯҷоки писта ҷой мекунад ӯро... Чӣ хаёл кардааст Нозимӣ? Пеши калонаш ҷавоб медиҳад. Вай мегузорад, ки оилаи онҳо вайрон шавад? Не, ба ин роҳ намедиҳад». Бо ҳамин умедҳо роҳи идораи газетаро пеш гирифт, аммо Мавлонзода дар утоқаш набуд.

— Мавлонзодаро ба райком ҷеғ заданд, — гуфт котибааш.

— Меоянд? — пурсид.

— Намедонам, — аз чӣ буд, ки ӯ ба Мушарраф рӯи хуш надода коғазҳои наздашро паҳну парешон мекард.

Хеле паси дари муҳаррир нишаст. Шавҳараш дари долонро кушод, ӯро дида ақиб гашт, боз дарро нимроғ кард. Ба дилаш алов ғалтид, ки дур намерафт. Қотибаро ба берун ҷеғ зад ӯ, пичир-пичирашонро шунид. Чӣ мегуфтанд онҳо? Ба ӯ маълум набуд... Аз ҷояш хеста паси дар қадам зад, аз истодан, раву пойҳояш дард карданд, аз Мавлонзода дарак не.

Шафий аз омадани ӯ бубар шуда будааст.

— Салом, келин, — бо чеҳраи кушод назди ӯ даромад,

пешина
аз 399
навбатӣ