Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

модар вайро бардошта наметавонист. Тӯяқиҳо аз наз-даш мегузаштанд. Гурӯҳе болои сараш истоданд.
— Келин, мағал набардоред, бачаатонро бардош-та баред.
— Ин кас ҳамин хел шаттоҳ, намедонам аз бечораи Нозимӣ чӣ мехоста бошанд.
— Шӯру мағалро бас кунед, равед...
Овози одамони шинос ба гӯшаш омад. Сар боло кард: ҳамкорони шавҳараш. Тӯҳфаҳо, гулҳо дар даст. Оне, ки ӯро «келин» гуфт, калони идораашон — муҳаррири газета Мавлонзода буд. Дигар ҳамроҳони ӯ ҳам ба Мушарраф шинос... Ҳамроҳи падари Меҳрубон хона-ашон омада буданд. Ҳо, ана он марди куҳансоле, ки дар даст асо дорад, лангида-лангида роҳ меравад, устоди шавҳараш: нависанда Қӯтосӣ... Мавлонзода рӯ ба ӯ бо сари хам, дастҳо пеши бар истодааст. Қӯтосӣ ҳам як бор не, чанд бор меҳмони онҳо буд. Таомҳои пухтаи Мушаррафро меписандид, аз ӯ тавсиф мешунид.
— Келин, шумо кадбонуи зӯр, баҳудо зӯр, чунон хӯрокҳое мепазед, ки даҳон мебояд хӯрад, офарин! — мегуфт ӯ ва ҳар бори ба хонаашон омадан барои Меҳрубону Мижгон ҳар хел бозичаҳо, қанду шакалод меовард. Лекин ӯ ҳоло гӯё Мушарраф ва кӯдакҳои вай-ро нашинохт. Кӯр шавад ин мӯйсафед... Чӣ хеле шав-ҳараш мегуфт, шефи ӯ, Шафии харобу қоматбаланд ҳам ҳамроҳи тӯяқиҳо. Дар чашмони ӯ айнак. Ба назари Мушарраф ҳамин одам неку нағз менамуд. Баъди аз Мушарраф ҷудо шудани Нозимӣ ҳам тағйир наёфт, ба Мушарраф меҳрубонтар гаштааст, файри вайро мехӯрад, тасаллӣ медиҳад, бо суханҳои нағз дилашро мебардорад. Мисли пешина «келин» мегӯядаш, аз зин-дагӣ, фарзандонаш мепурсад. Ҳозир вай ба Мушарраф салом дод.
— Тӯй меравед? Тӯи додои Меҳрубон?! — худашро дошта натавониста киноя зад Мушарраф.
— Ҳа, тӯй меравем, — бо зарда ҷавоб дод як ҷавон, ки ҷӯраи наздики Нозимӣ буд.
— Хуб мекунед, равед, тӯйро гарм кунед, хурсанд шавед. Нав вақти зангирии ин ҷӯраи шумо расидааст, вай ҳоло ҷавони навхат, баҷаи булӯлак, зану фарзанд надорад, бачаҳояш дар ғалбер намондаанд, шумо он-ҳоро намебинед. Шумоҳо одамони бесавод, аз неку ба-ди олам бехабар, аклатон намерасад...
— Киноя назанед, шумо

2-5913

пешина
аз 399
навбатӣ