Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

аз афташ, аз танҳо будани ӯ ҷуръат пайдо кард, ошкоро, беваҳму воҳима ба тап даромад.

— Зиндагӣ чӣ хел? Нозимӣ аз ҳолатон хабардор мешавад? Суроғ мекунад? Аҳволи бачаҳо чӣ тавр?

Ба ҷониби дар рафт, гӯш андохт, садое шунид, ки безобита гашт, як чашм ба пешу як чашм ба ақиб таъқид кард:

— Хомӯш наистед, келин, фурсат ҳаст, дарди дилатонро гӯед, давед...

— Муаллим, шумоҳо барои чӣ ин одамро ҷанг намекунед? Ё шумо, одамони газета, ҳақ доред, ки ҳар гоҳе хоҳед, зану бачаҳоятонро партофта, боз зани ҷавон, зани хушрӯ гиред... О вай бачаҳакам ба касалӣ задааст. «Додо» мегӯяд.

— Рост мегӯед, келин, ман чанд бор вайро насиҳат карда шудам. Дамаш баланд. «Ман Шаҳнозро дӯст медорам, муаллим, мефаҳмед, дӯст медорам, шумо ишқро чӣ медонед?» — мегӯяд. Баъд вай, келин, моёнро писанд намекунад, — қадаме ба сӯи дар монда ба берун гӯш андохта давом кард: — Вай дар редакция эрка. — Сарашро ҳам карда даҳонашро ба бехи гӯши Мушарраф наздик оварда пичиррос зад: — Муҳаррир, худи Мавлонзода дар пушташ, ҳамааш аз барои ҳамин, ҷанг намекунад... Агар ба ҷои Мавлонзода одами дигар мебуд, кайҳо кафшашро пеш мемонд, «рав, чор тарафат қибла», мегуфт. Ё насиҳат медод, ки «ин ҷо редакция, ин хел номаъкулӣ накун».

— Канӣ худам як пеши муаллим дароям, барои ҳамин омадам, — гуфт Мушарраф.

— Вай аз барои шумо Нозимиро ҷанҷол намекунад, ту намегӯяд. Беҳтараш ба ягон идораи болотар равед, ба райком арз кунед, ба райком... Ба ҷои шумо агар зани дигар мебуд, ӯро ба ин ҳолаш намемонд, ҳамин идораи газета, ҳамаамонро ба бузбозӣ меандохт. Чунон мекард, ки об намеёфтем рӯямонро шӯем. Агар ақлатон нагирад ариза навишта натавонед, ёрӣ мерасонам. Худам шуморо диданӣ будам.

— Ба худи Мавлонзода аввал як тап занам.

Фуки Шафиӣ аз Мушарраф тоб хӯрд. Ба ӯ гуфтанӣ буд: ҳамин қадар ҷоғ заданҳои ман ба ҳаво рафтанд? Ё ба гӯши мурда азон гуфтам?

— Айби худам шуд, пештар наомадам.

— Беҳуда умед мебандед, ман худам ба Мавлонзода тапзанон кардам, гуфтам, ки Нозимӣ вай духтарро

пешина
аз 399
навбатӣ