Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

АдабиётМаориф
Аз аввал хондан

оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди асарҳои устод Айнӣ мисли «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда» ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, гулшани фарҳанги миллатро зинат доданд.

Минбаъд нависандагону шоирони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икрокӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштанд. Барҳақ, шоири тавоно М. Қаноат дар шеъри «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» мегӯяд:

... Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯъбаҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.

Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Оре: Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон-ш осон гардад.

Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҳақиқат, он рӯз, яъне 22 июли соли 1989, ки Иҷлосияи дахуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани Қонуни

пешина
аз 40
навбатӣ