Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
ду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне оинаи фарҳанги халқ аст.
Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи фикри инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибқади олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна, забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирому нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардонидаанд.
Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Ба ин маънӣ Бозор Собир дар шеъри «Забони Ватан» чунин мегӯяд:
... Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан...
Дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифт.
Баъди Инқилоб ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё