Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз даст рафтани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле гарон аст:

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷӣ қимат бошад.

Бешубҳа, такя дар паҳлӯи модар, хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист:

Такя дар паҳлӯи модарҷон, ғанимат будааст,
Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.

Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибон симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Бемуҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар...

Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:

... Аз сатвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар, Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

пешина
аз 40
навбатӣ