Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
ҚАДРИ МОДАР
Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Модар қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беқанор, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад:
Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба ин маъْنӣ Лоиқ гуфтааст:
Ту монандӣ замин танҳоӣ, модар,
Ту монандӣ замин яктоӣ, модар.
Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштсосо макони дигаре нест. Барҳақ, шоир фармудааст:
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар...
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намеёбем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё