Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Об дар ташаккули организм нақши муҳим дошта, маҳз ба василаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Агар ба оиинаи таърихи гузашта бингарем, чунин ба назар мерасад, ки ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш намуда, баъзе анъанаҳои миллиро тавассути он амалӣ мегардониданд. Яъне аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст.

Ҳаёти инсониро бидуни об наметавон тасаввур намуд, зеро, нарасидани об фаъолияти муназзами организмро вайрон намуда, ба заволи он сабаб мегардад.

Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рустанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар ситоиши об гуфтааст:

Биболид кӯҳ, обҳо бардамид,
Сари рустанӣ сӯи боло кашид.

Имрӯз низ ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе кишварҳо боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Аз ин хотир, Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонро дастгирӣ намуда, бо дастгирии 141 кишварҳои дунё солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард.

Хушбахтона, Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии об яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Зиёда аз 50 адад дарёҳои манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, ки аз оби яху борон пур мешаванд, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд. Новобаста аз аҳамияташ баъзе шаҳрвандон дидаю дониста ба об ҳар гуна партовҳо мепартоянд ва боиси ифлосии он мегарданд. Барои ислоҳи эшон ҳикмати Асадии Тӯсӣ айни муддаост:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд, фикандан дар он сангу хок.

пешина
аз 40
навбатӣ