Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Дурӯғ, муқобили ростӣ, хислати бад аст, ки оташи хасму ғазабро фузун мекунад. Ба бадбахтиҳо боис мегардад. Бузургони адабиёт ин амали зишро мазаммат карда, моро таъкид мекунанд, ки аз он дар канор бошем. Назари Асадии Тӯсӣ дар ин маврид чунин аст:
Забоне, ки бошад бурида зи ҷой,
Аз он беҳ ки бошад дурӯғозмой.
Илова бар гуфтаи ниёгон худи зиндагӣ низ чун мураббии сахтгир моро ба ростгӯӣ ҳидоят мекунад. Ашхоси ростгӯву ростқавл ҳамеша гули сари сабади маҳфилу чорабиниҳои дигаранд. Мардум онҳоро чун шахсиятҳои барӯманду беназир ва муаддаб парастиш мекунанд.
Шоҳбайти Саъдии Шерозӣ раҳтӯшаи зиндагии мост:
То роҳи рост тавонӣ расид дар мақсуд,
Ту рост бош, ки ҳар давлате, ки ҳаст турост.
Оре, девори рост аз афтидан эмин аст.
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низои дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ ҳисороти зиёд ворид сохт.
Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили иқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё