Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

КИЁМИ АБУМУСЛИМ

Муҳимтарин ҳодисаи таърихӣ, ки пас аз истилои араб иттифоқ афтод, инқилоби фарогири мардумӣ бо сарварии диловари сарзамини Хуросон Абумуслим буд. Ин ҳаракат соли 747 шурӯъ шуда, оғози растохези ҳамаи мардумони эронинажод дар муқобили ситамгарии арабҳо буд. Тамоми гурӯҳҳои норозӣ, ситамдида, фиребхӯрда, ҳатто ҳангомаҷӯёну фурсатталабон низ, зери ливои Абумуслим гирд омаданд.

АББОСИЁН ЧӢ ГУНА БА САРИ ҚУДРАТ
ОМАДАНД?

Инқилоби Абумуслимро сулолаи дигари араб - Аббосиён, барои расидан ба ҳокимият истифода карда, сулолаи Уммавиёнро ҳамчун ғосиб маънидод мекарданд. Соли 747 Абумуслим дар Марв ба муқобили халифаи Уммавӣ Марвони II (744-750) бархоста, соли 748 шаҳрҳои Тӯс ва Нишопурро фатҳ намуд.
Ниҳоят, соли 750 Абумуслим сулолаи Уммавиёнро дар муҳорибаи назди рӯди Зоб шикаст дода, ҳокимияти ин сулоларо барҳам дод. Ҳамин тариқ, ҳокимият бо пуштибонии Абумуслим ба дасти нахустин халифаи сулолаи Аббосиён – Абулаббоси Саффоҳ (749-754) гузашт.

АБУМУСЛИМ КИСТ ВА ЗОДГОҲИ Ӯ КУҶОСТ?

Абумуслим тахминан соли 720 дар деҳаи Сапеддижи шаҳри Анбор — ҳозира Сари Пули Афғонистон дар оилаи Бандод ном деҳқони тоҷиктаборе ба дунё омадааст. Ӯ Беҳзод ном дошт ва баъди марги падараш исломро пазируфта, дар доираи маволии хуросонӣ ба шаҳри Куфа меояд. Дар Куфа ӯ бо Иброҳим ибни Муҳаммад – амаки паёмбар (с), ки мақсади барҳам додани хилофати Уммавиёнро дошт, робита пайдо намуда, бо дастури ӯ пешвои инқилобгарони қисмати хуросонӣ гардид ва номи Абумуслими Хуросониро гирифт.

пешина
аз 395
навбатӣ