Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

АБУМУСЛИМ БО МУХОЛИФОНИ ҲУКУМАТИ АББОСӢ ЧӢ ГУНА МУНОСИБАТ МЕКАРД?

Абумуслим, пас аз пирӯзӣ шахси боэътимоди Аббосиён гардида буд. Ӯ ҳама гуна исёнеро, ки муқобили сулолаи Аббосиён ва сиёсати онҳо нигаронида шуда буд, саркӯб намуда, роҳбарони онҳоро аз байн мебурд. Беҳофарид — яке аз сарварони қиёми зидди уммавӣ, ки мехост ойини зардуштиро дар шакли наве миёни мардуми Хуросон густариш диҳад, соли 749 бо дастури Абумуслим ба қатл расид. Нахустин ошӯби зидди Аббосиён ҳам, ки соли 751 бо роҳбарии Шарик Ибни Шайх шаҳри Бухороро фаро гирифта буд, аз ҷониби сипоҳиёни Абумуслим шикаста шуданд. Ҳамчунин, сипоҳи Абумуслим марзҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Хилофатро аз ҳуҷумҳои ғоратгаронаи қабилии турк ва лашкари чиниҳо муҳофизат мекарданд.

ЧАРО АБУМУСЛИМРО НОБУД КАРДАНД?

Садоқату корнамоиҳо боВАРИИ Аббосиёнро ба Абумуслим намеафзуд. Онҳо ҳарос доштанд ин пешвои маҳбуби мардумӣ, ки ҳатто дар хутбаҳо номашро зикр мекарданд, бо пуштибонии бошандагони Хуросону Мовароуннаҳр рӯзе хилофати Аббосиёнро ҳам аз байн мебарад. Соли 755 халифа Абуҷаъфари Мансур бо савганди садоқату бародарӣ Абумуслимро волии Миср ва Шому Ироқ хонда, ҳангоми бозгашташ аз зиёрати Макка бо ҳилаву найранг ба хонаи худ даъват ва ғофилгир намуда, бо дасти чаҳор тан ҷаллоди хунрезаш ба қатл расонд. Корнамоиҳо ва хотираи Абумуслим чун барандозандаи тахту тоҷи Уммавиён ва саркӯбсозандаи марзшикаoni турку чинӣ то имрӯз дар саҳифаҳои таърих ва ёди мардум боқист.

пешина
аз 395
навбатӣ