Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МУБОРИЗА
АЛАЙҲИ АРАБҲО

Ниёгони мо ба хотири ҳимояи «марзу буму зану фарзанди хеш» ба муборизаҳои қаҳрамононаи мусаллаҳона алайҳи арабҳо бархостанд. Аз ҷумла, солҳои 720-722 дар Суғд бо сарварии Деваштич муборизаи шадид сурат гирифт. Яке аз сабабҳои ин ҷанг вазнинии пардохтани андоз буд. Аз ҷумла, ҳокими шаҳри Панҷакент Деваштич қиём карда, сипоҳиёну шаҳрдорони бегонаро саркӯб кард. Пас аз тасарруфи дубораи шаҳр аз ҷониби арабҳо ӯ муборизаро дар қисмати кӯҳистони Суғд давом дод. Суғдиён дар чандин набардҳо ғолиб омаданд, вале набудани иттиҳоду ҳамбастагӣ миёни музофотҳо ва мардумони маҳаллӣ боиси шикасти ин ошӯб гардид. Саранҷом Деваштич бо ваъдаҳои дурӯғин гирифтори арабҳо шуд ва бар хилофи созишномаи имзошуда ӯро ба қатл расониданд.

ХУНХОҲОНИ АБУМУСЛИМ
КИҲО БУДАНД?

Дар Мовароуннаҳру Хуросон ошӯбу қиёмҳое бо шиори хунхоҳии Абумуслим рух дод. Симбоди Муғ бо шунидани хабари қатли Абумуслим (755) даст ба шӯриш зад ва дар ин ошӯб даҳҳо ҳазор норозӣ аз сиёсати ҳукумати Аббосиён гирд омаданд. Лашкари халифа ин ошӯбро бо хиёнати ҳокими Табаристон саркӯб намуд.
Устод Сис (767) низ бо хунхоҳии Абумуслим қиём карда, чанд муддат Ҳироту Бодғис ва Сиистону Марврӯдро ноором сохт.

пешина
аз 395
навбатӣ