Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ПОДШОҲОНИ НОМДОРИ ҲАЙТОЛИЁН
КИҲО БУДАНД?

Подшоҳи номдор ва кишваркушои Ҳайтолиён Хушнавоз (Ахшунвар) соли 457 саросари Чағониён, Таҳористону Бадахшонро забт намуда, сипас ҳудуди давлаташро аз ҳисоби заминҳои Гандхара (Қандаҳори кунунии Афғонистон), Синд ва Ҳинд вусъат дод. Дигар подшоҳони номдори Ҳайтолиён Тораман (490–515), Михиракула (515–544) ва Ғотифар мебошанд. Давлати Ҳайтолиён баъди шикасти Ғотифар дар солҳои 70-уми асри VI мустақилияти сиёсиро аз даст дода, ба чандин давлатчаҳои хурд, аз ҷумла Чағониён, Хуталон, Таҳористон ҷудо шуданд, ки онҳо дар давраи кишваркушоиҳои араб аз байн рафтаанд. Шоҳбол (699–737) ва Бадри Тарҳун (фавт 737) аз охирин подшоҳони Ҳайтолиён буда, бо арабҳо қаҳрамонона ҷангидаанд.

МАШҲУРТАРИН ПОДШОҲИ ҲАЙТОЛИЁН КИ БУД?

Хушнавоз яке аз машҳуртарин подшоҳонест, ки дар тайи ҳукмронии беш аз 45-солаш нуфузи сиёсӣ ва иқтидори давлати Ҳайтолиёнро нигоҳ доштааст. Ӯ лашкари подшоҳи Сосониён – Яздигурди II-ро шикаст дода, Таҳористон, Тирмиз ва Чағониёнро, ки муддате тобеи Сосониён буданд, бозмегардонад. Ҳамчунин писари Яздигурди II Пирӯз тайи солҳои 459–484 ба сарзамини Ҳайтолиён се маротиба лашкар кашида, ду бор ба дасти Хушнавоз асир меафтад ва бо шарти пардохтани товони гарони ҷанг ва гаравгон гузоштани писараш – Қубод озод мегардад. Хушнавоз соли 496 хони туркҳо Гаогюйро шикаст дода, соли 497 Қарошарро забт мекунад ва бо империяи Чин муносибати мусолиҳатомезро пеш мегирад. Ӯ ҳамчун асосгузори воқеии давлати Ҳайтолиён қаҳрамони таърихии миллати тоҷик шинохта шудааст.

пешина
аз 395
навбатӣ