Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ШАҲРҲОИ ХОРАЗМ КАДОМҲО БУДАНД?
Давлати Хоразм шаҳрҳои зиёди хурду бузург доштааст, ки шаҳрҳои ободу зебои Дарғон, Арданхаш, Гургонҷ, Хева, Рахшмит, Соварзан, Курдор, Замахшар, Ҳазораспа, Навхош, Арда-хушмисан, Сафардиз, Зарианд ва Чигарбанд аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Пойтахти Хоразми Қадим шаҳри Кот бо куҳандиз иҳота шуда, иморатҳои зиёд, корвонсарою бозор, дар марказаш қасри ҳоким ва масҷиди ҷомеъ доштааст, ки то кунун харобаҳояш боқӣ мондаанд. Мувофиқи бозёфтҳои бостоншиносии таърихнигори маъруф С. П. Толстов дар Чонбозқалъа, Кабутқалъа ва дигар мавзеъҳои бостонии Хоразми Қадим дижҳои мудофиавӣ, истеҳкомҳои ҳарбӣ ва дигар иншооти мустаҳками ҳимоявӣ вуҷуд доштанд, ки аз таҷрибаи зиёд, маҳорати баланд ва ҳунари бесобиқаи шаҳрсозии ҳунармандони хоразмӣ гувоҳӣ медиҳанд.
ОТАШКАДАИ АТАР-ФАРНБАҒ ДАР ХОРАЗМ БУД?
Маъхазҳои баъдинаи зардуштӣ зикр намудаанд, ки яке аз оташкадаҳои муқаддаси қадимӣ бо номи Атар-Фарнбағ дар Хоразм фурӯзон будааст. Гӯё ин оташи муқаддасро подшоҳи Пешдодиён Ҷамшед афрӯхтааст. Дар аҳди давлатдории Кайхусрав ва кишваркушоиҳои Сиёвуш Хоразм ба қаламрави Каёниён ворид шуда, мулки хеле ободу пурфайз гардидааст. Ҳангоми подшоҳии Сосониён Ардашери I ва Шопури I ба Хоразм лашкар кашида, оташи муқаддаси Атар-Фарнбағро ба Рай бурдаанд.
ХОРАЗМИЁН ДАР
АҲДИ ҲАҲОМАНИШИЁН
Хоразм заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои паҳновар дошта, мардумаш асосан кишоварз ва чорводор буданд.
Бозорҳои Хоразм шуҳрати зиёд дошта, дар онҳо бештар матоъҳои нафис ва либосҳои гуногуни пашмин мефурӯхтанд. Ба ин бозорҳо аз соҳилҳои Волга ва даштҳои Хазар пӯсти самуру рӯбоҳ, саги обӣ, санҷобу қокум ва аз Самарқанду Марvu Бухоро навъҳои гуногуни ҷома ва матоъҳои нафиси пахтагину абрешимин меоварданд. Ҳамчунин ҳунармандони хоразмӣ шамшеру сипар, зиреҳу камон, гилему фаршҳои дастибофт ва дигар маҳсулоти косибӣ ба фурӯш мебароварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё