Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

АҲРОМИ
МИСРИ ҚАДИМ

Аҳром шакли ҷамъи ҳирам аст. Ҳирам ҷисми сегӯшаест, ки кунҷҳои он дар як сар бо ҳам мечаспанд (русии он пирамида). Чун қабрҳои бузурги фиръавнҳо ба ҳамин шакл сохта шудаанд, онҳо дар маҷмӯъ аҳром (ҳирамҳо) номида мешаванд. Дар сарзамини Мисри Қадим бештар аз ҳаштод ҳирами хурду бузург дар соҳилҳои дарёи Нил ба ёдгор мондаанд. Ин аҳром дар ноҳияи Гиза, начандон дур аз Қоҳираи имрӯза қомат афрохтаанд. Мисриёни қадим аз тахтасангҳои яклухти чаҳоркунҷа аҳроме сохтаанд, ки то имрӯз боқӣ монда, бо бузургию шукӯҳашон ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштаанд.

Сохтани аҳроми Миср бо дастуру хоҳиши фиръавнҳо, яъне подшоҳони Мисри Қадим сурат мегирифтанд. Фиръавнҳои Мисри Қадим чун ба тахти давлат менишастанд, барои худ сохтани ҳирамеро мефармуданд, ки қариб нисфи дороиву иқтидори давлат сарфи он мегардид. Бунёди аҳром агар аз як тараф шукуҳу ҳашамати фиръавнҳоро дар чашми мардум намоиш диҳад, аз тарафи дигар ҳамчун манзили дафни ҷасади фиръавнҳо хизмат карда, эътиқоди динии мисриёнро тақвият медоданд. Дар ҳар кадоми ин ҳирам баробари ҷасади мумиёӣ, дороии сулолавии фиръавнҳо нигоҳдорӣ мешуд.
Аввал аз силсилакӯҳҳои Араб сангҳои чортарошро то соҳили рӯди Нил оварда, аз он ҷо тавассути ғӯлааробаҳо то макони сохтмон мекашониданд ва баъдан онҳоро бо душвории гарон суфта мекарданд. Ҳунармандон дар оғози кор харсангҳоро дар тани шах ё харсанги яклухт интихоб намуда, аввал аз ягон гӯшааш тарқише мекушоданд, сипас ба тарқиш фонаҳои чӯбин зада, дар вақту соатҳои муайян ба тани фона об мерехтанд. Фонаҳои чӯбин аз кашидани намӣ варамида сангро мекафонданд. Сипас санги кафидаро

Аҳроми мӯъҷизавӣ дар нигоҳи аввал кӯҳтеппаҳои яклухти сангинеро мемонанд, ки дари даромад надаранд. Вале дар яке аз рӯяҳои ҳирам дар гӯшаи яке аз тахтасангҳои рамзӣ барҷастагии чун варақи коғаз ноаёнеро гузошта буданд, ки ҳангоми сахт зер кардани он тахтасанги бузурге тоб хӯрда, роҳи тираву тори даромадгоҳи ҳирам кушода мешуд. Барои воридшавандагон дар сари ҳар гардиш ва печухами роҳрав шамъ ё қандиле гузошта буданд, ки баъди гирондан рамзи даркориро ёфта, роҳро идома медоданд. Асрори даромадгоҳи ҳирам сахт пӯшида буд ва онро фиръавнҳо аз насл ба насл нигоҳ дошта, танҳо ба ворисони қонунии тахту тоҷи шоҳӣ мекушоданд.

Сохтмони аҳром.

аз харсанги бузург ҷудо намуда, бо олоти мисин тарошидаву қадре суфта мекарданд ва онро тавассути ғӯлааробаҳо бо роҳи пур аз регу шағал меоварданд. Ҳангоми кашидану ғелонидани устокорона, таҳти санг хӯрда мешуд ва қираву дуруштиҳои боқимондаашро бо олоти хосса суфта мекарданд.

пешина
аз 395
навбатӣ