Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ТАНАЗЗУЛИ
ИМПЕРИЯИ РУМ

Империяи Рум дар тайи садсолаҳо ҳудудҳои Мисру Шом ва Карфагенро зери назорати хеш нигоҳ дошта, истиқлолиту соҳибихтиёрии онҳоро поймол мекард. Яке аз сипаҳсолорони тавонои аҳди қадим Ганнибал дар соли 218 то милод аз Карфаген (дар Африқои Шимолӣ) 40 000 ҷанговарро аз тариқи Испания ва кӯҳҳои Алп бо 38 фили ҷангӣ гузаронида, ба Рум ҳамла овард. Ганнибал дар ин набард пирӯзӣ ба даст оварда бошад ҳам, ними лашкарашро аз даст дода, бо сипоҳиёни боқимонда ва 12 фил ба ватанаш бозгашт.
ЮЛИЙ СЕЗАР КӢ БУД?

Юлий Сезар сарлашкари номдор ва сиёсатмадори қавииродаи румӣ буд. Ӯ худро император ва диктатори абадӣ эълон дошта, мехост дар Рум қонунҳои одилонаро ҷорӣ намояд. Аммо аъзои сенати Рум аз шуҳрату қудрати рӯзафзуни вай ҳаросида, барои нобуд карданаш аҳд бастанд. Аз рӯ, Сезар лаҳзаи ба ҳузури аъзои сенат омадан 15 марти соли 44 то милод бар асари дасиса ва сӯиқасди аъзои демократмаоби Рум кушта шуд.

КУШТАНИ ЮЛИЙ СЕЗАР

ИМПЕРИЯИ РУМ КАЙ ВА ЧАРО ЗАВОЛ ЁФТ?

Баъди марги Сезар дар Рум ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, дар аҳди давлатдории тӯлонии Август муддате оромӣ ҳукмфармо гардид. Вале дар давлатдории императорони минбаъда Рум рӯ ба таназзул оварда, соли 395 милодӣ ҳудуди он ба ду қисм – импеratorирии Руми Ғарбӣ ва Руми Шарқӣ тақсим шуд. Императории Руми Ғарбӣ (бо пойтахташ – шаҳри Рум) соли 476 бар асари ҳамлаи қабилаҳои вестготҳо ва дигар қабилаҳои барбарӣ сарнагун шуд. Имперотории Руми Шарқӣ бо номи Византия (Бизонс), ки пойтахташ шаҳри Константинопол (Истанбули ҳозира) буд, то соли 1453, яъне то аз ҷониби туркҳои Усмонӣ забт шудани қисмати аврупоии Византия вуҷуд дошт.

пешина
аз 395
навбатӣ