Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

Аз миёни аҳроми сершумор танҳо се ҳирами бузург — ҳирами Хеопс, Ҳефрен ва Мекерин муъҷизаи нахустини олам эътироф шудаанд. Муҳандисон шумурдаанд, ки барои бунёди ҳирами Хеопс дар маҷмӯъ 2,6 млн. тахтасангҳои хурду бузург сарф шудаанд. Барои аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани ин тахтасангҳо имрӯз камаш 20000 поезди боркаше лозиманд, ки ҳар кадомаш дорои сӣ қатор вагон бошад. Тахтасангҳо бо низому таносуби хосса чунон моҳирона болои ҳам чида шудаанд, ки ҳатто дар байнашон сӯзан ҳам ҷой намегирад. Вазни умумии ин ҳирам дар маҷмӯъ қариб ба 7 млн. т мерасад.

Ҳирами Хеопс (номи аслиаш Хуфу) баландтарин ҳирамест, ки онро фиръавни сулолаи чорум Хеопс тақрибан 4700 сол қабл бунёд кардааст. Баландии ҳирам 146,6 м, бари ҳар яке аз рӯяҳояш 233 м буда, давродавраш қариб 1 км мебошад. Ҳирам дар масоҳати 54000 м мураббаъ ҷойгир шудааст. Вай аз тахтасангҳои бузурги сафедранге бино шудааст, ки вазни ҳар кадомаш аз 2,5-3 то 30 т мерасад. Сад ҳазор одам дар ҳирам машғули кор буданд ва онҳо дар ҳар се моҳ иваз мешуданд. Барои сохтани роҳи сангкашонӣ даҳ соли пурра ва барои бунёди он бист соли дигар сипарӣ гашт.
Ҳафти мӯъҷизаи олам

Гузоштани санги болои ҳирам.

ҲИРАМИ МИКЕРИН ЧӢ ГУНА АСТ?

Ҳирами Микерин (номи аслиаш Минкуар) беш аз 66,4 м баландӣ дошта, рӯяҳои асосиаш ба 108 м мерасид. Шаклан каме хурдандоза бошад ҳам, низоми меъмориаш зебост. Замоне рӯяҳои онро то андозаи сеякаш рӯкаши голубиранги хорой ва сипас рӯкаши сафед оро медод. Мувофиқи шаҳодати Ҳеродот аз ғояти қашшоқии кишвар Микерини, писари Хеопс маҷбур шуд, ки аз иморати ҳирами муҳташам даст бикашад.

ҲИРАМИ ХЕФРЕН ЧӢ ГУНА СОХТ ДОРАД?

Ҳирами Хефрен (номи аслиаш Ҳафра) дар бузургӣ баробари ҳирами Хеопс набубод ҳам, моилии рӯяҳояш то имрӯз беосеб мондаанд. Дарозии як тарафи асосаш 215 м ва баландиаш 143 м аст. Аз ғояти моилии рӯяҳояш дар назар аз ҳирами Хеопс баландтар менамояд. Тахтасангҳои бо кошии зардчаранг рӯкашшудаи он ба чашм басо ҷозибу босалобат мерасанд. Дар шафати ҳирами Хефрен ҳайкали сангини Абулҳавл (Сфинкс) хобидааст, ки он 20 м баландӣ ва 60 м дарозӣ дошта, бо чеҳраи одамӣ ва пайкари шеронаи худ таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Пайкараи одамизод дар пешорӯи Абулҳавл резаи регеро мемонад, ки назди махлуқи бузургу бадҳайбат қарор дорад.

Абулҳавл (Сфинкс).

пешина
аз 395
навбатӣ