Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
АШЁИ МАЪМУЛИ МИСИИ
МОВАРОУННАҲРУ ХУРОСОН
Навъҳои хеле маъмули ашёи мисии Мовароуннаҳру Хуросон ҷойҷӯш, офтоба, табақ, коса, лаълӣ, дастшӯй, кӯза, қандоб, чилим, шамъдон, туфдон, харбузарошак ва ғ. буданд. Маснуоти кӯзамонанди мисӣ, ки ҳаккокӣ шуда буданд, ба устоҳои Бухоро тааллуқ дошт. Кӯзаҳои мисии нокмонанд дар байни мардумони Мовароуннаҳр шуҳрати зиёд доштанд. Дар замони ҳукмронии Қарахониёну Чағатоиҳо дар Фарғонаю Узганд аз мис дирҳам сикка мезаданд. Дар асри XIX заргарони тоҷик аз мис маснуоти ороишӣ ва зебу зинатӣ месохтанд.
МАСНУОТИ МИСИРО БО КАДОМ
НАҚШҲО ОРО МЕДОДАНД?
Маъмултарин нақшунигори маснуоти мисӣ баргак, морпеч, гули аждар, турна, лоламадохил, гули четан, булбул, чашми булбул буданд. Кӯзаҳо, лаълиҳо, кашкӯл, тосҳо ва ғайра бо катибаҳои сернақшунигор низ оро дода мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор