Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МИСГАРӢ
Ҳунари аз мис сохтани олоти рӯзгор, ас-лиҳа ва ашёи гуногунро мисгарӣ гӯянд. Мисгарӣ аз навъҳои қадимтарини ҳунарман-дист. Муаррихони Юнони Қадим навишта-анд, ки мардумони Бохтару Суғд дорои санъ-ати баланди мисгарианд. Мисгарӣ хусусан дар давраи Сомониён (асри X) хеле ривоҷ ёфта буд. Пойтахти Сомониён Бухоро бо сох-тани чароғҳои мисӣ машҳур буда, дар Самар-қанд дегҳои калон ва ҷомҳои нафиси мисӣ месохтанд. Дар асри XV кандакориву ҳақко-кии мис хеле ривоҷ ёфта буд. Деги назру ни-ёзи ҳунарманд ва рехтагари тоҷик Абдулазиз ибни Шарафуддин, ки барои масҷиди Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сохта шуда буд, намунаи бар-ҷастаи ин ҳунар буда, ҳашт ҳалқаи нуқрақӯби зарандуд дорад. Дар девораҳои дег тасвири сари шер, мурғ ва моҳӣ муҷассам ва ҳақокӣ гардидааст. Гирдогирди он бо хатҳои сулс, кӯфӣ ва риқоъ матнҳои гуногун китобат шу-даанд. Истеҳсоли зарфҳои мисӣ ва дигар маснуоти мисӣ дар ибтидои асри XVIII хеле инкишоф ёфта, дар асри XIX ба да-раҷаи такомули худ расид. Шаҳр-ҳои қадимии Бухоро, Самарқанд, Балх, Хуҷанд, Насаф, Шаҳрисабз, Истаравшан ва ғайра ба марказҳои асосии маснуоти мисӣ табдил ёф-танд. Дар кӯчаҳои ин шаҳрҳо раста-ҳои махсуси мисгарӣ ва савдои мас-нуоти мисӣ ба вуҷуд омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор