Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
АЗ ТАЪРИХИ КАНДАКОРИИ ЧӮБ
Қадимтарин осори санъати кандакории чӯб аз шаҳрҳои Панҷакенту Шаҳристон ёфт шудаанд, ки ба асрҳои VI–VIII тааллуқ доранд. Баъзе пораҳои болор, сутун, дару дарвоза ва паҳлударӣ, ки боқӣ мондаанд, ба усули кандакории барҷастаи нисбатан ҳамвор кандакорӣ шуда, бо нақшҳои ислимӣ ва гиреҳ оро ёфтаанд. Дар Осиёи Миёна то истилои араб дар баробари нақшу нигори маъмул
– хӯшаи ангур, чалепо, нимдоира, чорбарг, барг, гул, тухм муҷассамасозӣ ва офаридани дигар мавҷудоти хаёлӣ (ҷонварҳои дубаҳра) ривоҷ ёфта буд. Баъди истилои араб дар кандакории тоҷик услубҳои нақшунигори маъмултарин – гиреҳ, ислимӣ ва ҷонварнусха мавқеи махсус доштанд. Дар ёдгориҳои асрҳои X–XIV ҳамчунин катибаҳо ба хатти кӯфӣ, насх ва сулс рӯйи чӯб боқӣ мондаанд. Чунин катибаҳоро бештар дар сутуну дарвозаҳо, арақаву изораҳо ва равокҳои чӯбкорӣ сабт менамуданд.
КАЛЛАМУҚАРНАС ЧИСТ?
Калламуқарнас (сарсутун) ҷузви ороиши сутунҳо, як навъ боша аст, ки бо усули кандакории рӯйи чӯб сохта мешавад. Он хосси меъмории Осиёи Марказӣ ва Шарқ буда, дар асри X пайдо шудааст ва дар асрҳои XV–XIX ба авҷи аълои худ расидааст. Калламуқарнасро аксаран ҷудогона сохта, баъд дар сари сутун насб мекарданд. Намунаҳои нахустини калламуқарнас дар сутуни чӯбӣ аз Искодар (Болооби Зарафшон, асри X) ба даст омадааст.
Минбаъд (дар асрҳои XVI–XIX) калламуқарнас дар водии Фарғона, ёдгориҳои Самарқанду Бухоро, ноҳияҳои Сурхондарёву Қашқадарё, Исфараву Истаравшану Шаҳристон интишор ва равнақ ёфт. Ҳоло намунаҳои нодири он дар мадрасаҳои Мири Арабу Абулазизхони Бухоро, Улуғбеку Гӯри Мири Самарқанд, масҷиди Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ, масҷидҳои Исфараву Шаҳристону Истаравшан ва ғ. маҳфузанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор