Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КУЛОЛӢ
Хунари аз гилмоя сохтани зарфҳоро кулолӣ мегӯянд. Одамон аз гилмоя сохтани зарфҳоро ҳанӯз дар давраи неолит (ҳазораи 6 то милод) омӯхта буданд. Кулолӣ аввал пешаи занон буд. Пас аз ихтирои чархи кулолӣ дар Байнаннаҳрайн ва Миср (ҳазораи 4-3 то милод) мардҳо низ ба кулолӣ машғул шуданд. Дар давраи энеолит (асри сангу мис) дар мамлакатҳои Шарқ ва Юнони Қадим сохтани зарфҳои сафолин ва истифодаи сафол дар меъморӣ авҷ гирифт. Аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна осори кулолии зиёде ёфт шуданд, ки ба асрҳои VIII–II то милод – VIII–XII милод тааллуқ доранд. Кулолӣ дар асрҳои XIV–XVII ривоҷ ёфта, дар асри XIX ба пояи баланди тараққиёт расид. Марказҳои асосии кулолии ин давр Бухорою Самарқанд, Риштону Каттақӯрғон, Хуҷанду Қаршӣ, Шаҳрисабзу Конибодом, Ӯротеппаю Кӯлоб ва баъзе ноҳияҳои Помиру Қаротегин буданд. Кулолони тоҷик анъанаҳои қадимии санъати кулолиро инкишоф дода, ғайр аз зарфҳои гуногун ҳайкалчаҳо (аспак, шер, маймун, аждаҳо, ҳуштак, ҳайвонҳои хаёлӣ) месозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор