Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

КӮХНАВАРДӢ

Кӯҳнавардӣ намуди писандидаи варзиш буда, кӯҳнавардон нерӯи ҷисмонӣ ва азму иродаи худро ҳангоми ба кӯҳҳои баланд ва қуллаҳои душворгузар баромадан меозмоянд. Одатан, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ се дараҷаи озмоиши кӯҳнавардӣ маъмул аст: неруозмоӣ ҳангоми паймудани теппаҳо ва пуштакӯҳҳо; ба кӯҳҳои теғадори рост баромадан; ниҳоят фатҳи қуллаҳои осмонбӯс ва душворгузар. Имрӯзҳо кӯҳнавардӣ чун намуди душвори варзиш диққати варзишгарон, сайёҳон ва кӯҳнавардонро ба худ ҷалб месозад.

КӮХНАВАРДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАЙ ОҒОЗ ЁФТ?

Одатан, сокинони кӯҳистон маҳорати баланди кӯҳбароӣ доранд. Зеро Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои баланди қуллаҳои осмонбӯс аст. Кӯҳнавардӣ ҳамчун навъи варзиш дар кишвари мо расман дертар пайдо шудааст. Кӯҳнавардони нахустини Тоҷикистон бо сарварии Ё. Абалков моҳи сентябри соли 1933 қуллаи баландтарини Помир «Исмоили Сомонӣ» (баландиаш 7495 м, номи пешинааш Коммунизм)-ро фатҳ карданд. Кӯҳнавардони тоҷик дертар қуллаҳои баландтарини кӯҳҳои Помир Дӯстӣ (6800 м), Ғалаба (7439 м), Абуалӣ Сино (собиқ Ленин, 7134 м)-ро борҳо фатҳ намудаанд. Вале то ҳанӯз қуллаҳои фатҳнашудаи Тоҷикистон зиёданд.

пешина
аз 395
навбатӣ