Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАР КӮҲҲО КАДОМ ҲАЙВОНУ РУСТАНИҲО МАВҶУДАНД?

Ҳайвоноту набототи кӯҳсор ба шароити ҳавои сарди баландӣ ва боду боронҳои шадид мутобиқ гаштаанд. Аз асари сардӣ ва бодҳои қаҳратун дарахтони баландакӯҳҳо чандон қад намекашанд ва асосан дар шакли буттаҳо ме- ёзанд. Ҳайвоноти макони зисташон кӯҳсор, масалан бузи кӯҳӣ, заргӯш ва ламаҳо барои аз хунукӣ эмин мондан, дар баданашон пашми бештар доранд. Ба шароити баланд- кӯҳҳои Тоҷикистон баъзе буттаҳои ёбоӣ, масалан дӯлона, настаран, тут, хуҷ, зелол мутобиқ гашта, аз ҳайвонот буз- ҳои кӯҳӣ, паланг ва ғ. зиндагӣ доранд.

ҚАТОРКӮҲИ АЛПРО МЕДОНЕД?

ҚаторкӮҳи Алп дар ҳудуди давлатҳои Фа- ронса, Итолиё, Швейсария ва Австрия тӯл кашидааст. Аз ҳама қуллаи баландтарини Алп кӯҳҳои Монблан буда, баландиаш 4810 м аст. Як замоне сипоҳиёни сарлашкар Ганни- бал кӯҳи Алпро бо 34 фили ҷангӣ убур карда, Руми Қадимро иҳота ва шикаст дода буданд. Айни замон дар кӯҳҳои Алп нақбҳои нақлиётӣ канда шудааст, ки тавассути он поезду авто- машинаҳо рафтуо мекунанд. Аз ҳама нақби дарозтарин (16,9 км) нақби Сен Готард буда, дар кӯҳҳои Алпи Швейсария воқеъ аст.

пешина
аз 395
навбатӣ