Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Фарҳод Мӯъминов ном кӯҳнаварди ҷаво-ни тоҷик, аслан аз Сарбанди вилояти Хат-лон аст. Алҳол ӯ ягона донишҷӯи тоҷики риш-таи кӯҳнавардии донишгоҳи Маскав мебо-шад ва нозукиҳои ин касбро меомӯзад. Фат-ҳи яке аз қуллаҳои баландтарини Элбрус, ки 5642 метр баландӣ дорад, маҳз бо пуштибо-нии сармоягузорони рус бароиш даст дода-аст. Ӯ нахустин кӯҳнаварди тоҷик аст, ки ба баландтарин қуллаи Элбрус ва баландтарин қуллаи кӯҳҳои Помир Исмоили Сомонӣ (7495 м) баромадааст.
Соли 1786 қуллаи баландтарини қаторкӯҳи Алп кӯҳи Монблан, ки 4807 м баландӣ дорад, фатҳ гардид ва сипас ин намуди варзиш бо номи алпинизм ё кӯҳнавардӣ шуҳрат ёфт. Баъд аз 200 соли фатҳи қуллаи баланди Алп, соли 1953 соки-ни Непал Норгей Тенсинг ва шаҳрванди Зелан-дияи Нав Эдмунд Хиллари қуллаи баландтарини рӯи Замин – Чомолунгма (Эверест)-ро фатҳ на-муданд. Аҳолии Тибет онро Чомолунгма, яъне «Модархудои Замин» ва непалиҳо бошанд, Са-гарматҳа, яъне «Ҳукмрони ҷаҳон» меноманд. Баландии мутлақи Чомолунгма (Эверест) 8848 м аз сатҳи баҳр буда, онро соли 1852 муайян намудаанд. Ин қулла-ро ба ифтихори яке аз роҳба-рони идораи топографии Ҳинд, Ҷорҷ Эверести англис номгузорӣ намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор