Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ЧУРО ФАСЛҲОИ СОЛ ИВАЗ МЕШАВАНД?

Меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории мадори назди Офтоб моил аст. Замин дар давоми сол дар атрофи Офтоб як бор пурра давр мезанад. Аз ин рӯ, дар давоми сол як нимкураи Замин ҳамеша равшантар аст, яъне он нисбат ба нимкураи дигари Замин гармии Офтобро бисёртар мегирад. Дар натиҷаи чунин нобаробар равшану гармшавии қисмҳои гуногуни сайёра иваз-шавии фаслҳои сол ба амал меояд. Аз 21 март то 21 сентябр Нимкураи Шимолӣ ба Офтоб наздиктар ҷойгир аст ва дар он ҷо фасли баҳору тобистон буда, айни вақт дар Нимкураи Ҷанубӣ тирамоҳ ва зимистон ҳукмронанд. Аз 21 сентябр то 21 март Офтоб ба Нимкураи Ҷанубӣ наздиктар аст. Тоҷикистон дар минтақаи субтропикии Нимкураи Шимолӣ ҷойгир буда, иқлими континентӣ, яъне зимистони хунук, баҳори серборон ва тобистони хушку гарм дорад.

МИНТАҚА БА ИҚЛИМ ЧӢ ТАВР ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

Дар кӯҳҳои баланд ҳаво ҳамеша сард аст, ҳудуди наздисоҳилӣ нисбат ба ҳудуди дохили хушкӣ намноктаранд. Минтақаи қутбӣ доимо барфу яхпӯш буда, дар ин ҷо танҳо дар мавзеъҳои иқлимаш муътадил тобистони кӯтоҳи салқин ҳукмфармост. Дар арзҳои муътадил зимистон хунуку сербарф ва тобистон гарм мешавад. Барои биё-бонҳои гарм иқлими хунук хос аст. Биёбонҳои баландкӯҳ зимистони хушки қаҳратун, тобистони салқин ва боришоти кам доранд. Дар минтақаи тропикӣ тобистон хеле тафсон ва зимистон гарм мешавад. Иқлими хатти истиво тамоми сол гарму намнок мебо-шад.

ЧАРО БАЪЗЕ ИҚЛИМҲО ГАРМТАРАНД?

Замин шакли кураро дорад, бинобар ин Офтоб онро нобаробар равшан ва гарм меку-над. Дар наздикии хатти истиво (экватор) иқлим ҳамеша гарм аст, чунки нурҳои Офтоб амудӣ меафтанд. Минтақа ҳар қадар аз хатти истиво дур бошад, ҳамон қадар роҳи нури Офтоб ба сатҳи Замин дароз ва иқлим сардтар мешавад. Ивазша-вии фаслҳои сол дар минтақаҳои истивой (экваторӣ) на аз рӯи тағйи-рёбии ҳарорат, балки, пеш аз ҳама, аз рӯи табдили мавсимҳои боронӣ ва дараҷаи хушкӣ муайян карда мешавад. Тӯли даҳсолаҳои охир зиёд шудани партовҳои корхонаҳои саноатӣ боиси тунукшавии қабати озонии Замин ва обшавии пиряхҳои азим гардида, мардуми сайёра ба буҳрони экологӣ ва мушкилоти тағйирёбии иқлим дучор намудааст.

пешина
аз 395
навбатӣ