Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ОБУ ҲАВО

Обу ҳаво – ин ҳолати чандинсораи атмосфера дар ин ё он минтақаву маҳал дар фосилаи дарозу кӯтоҳи вақт мебошад. Обу ҳаво бо нишондиҳандаҳое чун: ҳарорат, рутубатнокии ҳаво, фишор, абрнокӣ, суръати бод ва боришот тавсиф меёбад. Ба боду ҳаво мавқеи ҷуғрофӣ, ҷойгиршавии маҳал, наздикӣ ба баҳр ва ҷараёнҳои бодҳои уқёнусӣ, ҳатто дараҷаи олудагии атмосфера, таъсир мерасонад.
ВАЗЪИ ОБУ ҲАВОРО ЧӢ ТАВР
ПЕШГӮЙ МЕКУНАНД?

Илме, ки равандҳои физикии дар атмосфера баҳамоянда ва ба обу ҳаво таъсиркунандаро меомӯзад, метеорология, яъне ҳавошиносӣ ном дорад. Маълумоти марбут ба ҳарорат, хусусиятҳои абрнокӣ, суръати шамол, фишори атмосферӣ, боридани борону барф тавассути асбобҳои махсус дар пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ, ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуданд, ҷамъоварӣ карда мешаванд. Обуҳавосанҷҳо (метеорологҳо) ғайр аз маълумоти мушоҳидаи рӯизаминӣ аксҳои ҳолати атмосфераро, ки радифҳои обуҳавосанҷии кайҳонӣ мефиристанд, меомӯзанд. Дар асоси маълумоти гирдомада дар Марказҳои бузурги обуҳавосанҷӣ харитаҳои ҳавошиносӣ (синоптикӣ) тартиб дода, вазъи обу ҳаворо пешгӯй мекунанд.

Барометр - асбоб барои
чен кардани фишори
атмосферӣ.

Ҳароратсанҷ
(термометр)-и
механикӣ.

Анемометр — асбоб барои чен кардани
суръати шамол ва муайян кардани самти
ҳаракати он.

Бӯронҳои тропикӣ дар уқёнуси Ором
(акс аз моҳвора).

ГИРДОБОД ВА БӮРОНИ ТРОПИКӢ ЧИСТ?

Гирдбод ва бӯрони тропикӣ хосси мамлакатҳои минтақаи тропикӣ буда, аслан дар баҳру укёнусҳо пайдо мешаванд. Онҳоро тундбод, тӯфон, гирдбод ва ғайра меноманд, ки аз таъсири гармии оби баҳру укёнусҳо падид меоянд. Гирдбод ин тӯфони атмосферавист, ки шакли даҳанаи вусъаташ наздики 100 м мефурояд. Гирдбод аз абри раъду баркӣ ба Замин дар шакли остин ё хартуми абрии тира поин мефурояд. Суръати шамол дар дохили гирдбод метавонад ба 500 км /соат расад. Гирдбодҳо (онҳоро дар ИМА торнадо мегӯянд) бештар дар ҳамвориҳои бузурги Америки Шимолӣ вомехӯранд. Дар маркази гирдбод минтақаи фишораш паст ҷойгир аст, ки биноҳои ба даҳана афтода аз таъсири ҳавои дар дохили онҳо дамида метарканд. Ҳамчунин гирдбодҳои сахте мавҷуданд, ки қутрашон ба садҳо километр мерасад ва бӯронҳо (сиклонҳо)-и тропикиро дар болои укёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳинд падид меоранд. Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ онҳоро тӯфон (тайфун) ва дар Атлантика тундбод (ураган) меноманд. Онҳо бо неруи хатаровар вазида, дар соҳилҳои аҳолинишин обхезиҳои фалокатовар ва дар хушкӣ харобиҳои даҳшатангезро ба вуҷуд меоранд.

пешина
аз 395
навбатӣ