Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Иқлим – ин низоми чандинсораи ҳаво дар ин ё он маҳал мебошад. Ба иқлим бисёр омилҳо – мавқеи ҷуғрофӣ ё релефи маҳал, наздик будан ба баҳр, ҷараёни обу ҳавои уқёнусӣ ё ҳатто дараҷаи ифлосии атмосфера таъсир мерасонанд. Иқлим ба қавли иқлимшиноси машҳур Б. П. Алисов чунин навъҳои асосӣ дорад: экваторӣ, тропикӣ, муътадил ва қутбӣ (полярӣ). Дар миёни ноҳияҳои асосӣ минтақаҳои мобайнӣ бо иқлимҳои субэкваторӣ, субтропикӣ ва субполярӣ қарор доранд.

Иқлими сайёра дар асоси таснифоти Б. Алисов.

Ҷараёни уқёнусӣ: сурх – ҷараёни гарм, кабуд – ҷараёни сард.

ҶАРАЁНҲОИ УҚЁНУСӢ БА ИҚЛИМ ЧӢ
ТАВР ТАЪСИР МЕРАСОНАНД?

Ҷараёнҳои уқёнусӣ доимӣ, мавсимӣ, рӯиобӣ, зериобӣ, сард ва гарм мешаванд, ки обҳои гарму сардро ба канори қитъаҳо меоранд. Дар натиҷа анбӯҳи ҳаво дар болои об мутаносибан гарм ё сард шуда, ба иқлими ҳудуди ҳамшафат таъсир мерасонад. Ҷараёни ҳавои гарм дар Уқёнуси Ором ба самти ғарб ҳаракат карда, иқлими гарму серрутубатро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Австралияи Шимолӣ таъмин менамояд.

Ивазшавии фаслҳои сол
вобаста ба даврзании Замин дар атрофи Офтоб.

пешина
аз 395
навбатӣ