Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

КАШФИ ҚИТЪАИ АМРИКО

Сайёҳ ва баҳрнаварди испанӣ Христофор Колумб тайи солҳои 1492–1503 чор маротиба ба қитъаи Амрико сафар намуда, дар таърих ҳамчун кашшофи ин қитъа машҳур шуд. Ӯ чунин мепиндошт, ки сафар ба Ҳиндустон тавассути баҳр аз самти ғарб нисбат ба роҳи баҳрии шарқ (тавассути соҳилҳои Африқо) вақти камро мегирад. Аз ин рӯ, вақте, ки ӯ ба соҳилҳои Амрико расид, гумон дошт, ки дар Ҳиндустон аст. Баҳрнавард ва харитасози итолиёвӣ Америго Веспуччи (1454–1512) солҳои 1499–1504 баъди якчанд экспедитсия дар соҳилҳои Амрико ба хулосае омад, ки ин ҷо қитъаи бузурге қарор дорад, ки то ҳол маълум набудааст.
Минбаъд ин қитъаро Америго ва дертар Амрико (Америка) ном бурданд. Соли 1538 нахустин маротиба дар харитаи Герард Меркатор истилоҳҳои «қисми шимолии Амрико» ва «қисми ҷанубии Амрико» пайдо шуданд.

ҚИТЪАИ АВСТРАЛИЯРО КӢ КАШФ КАРДААСТ?

Австралия хурдтарин материк ва яке аз бузургтарин мамлакатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин нигоҳ онро мамлакат – қитъа ва ё қитъа – мамлакат мегӯянд. Ба ҳайати давлати Австралия қитъаи Австралия, ҷазираи Тасмания ва теъдоде аз ҷазираҳои хурди ҳамшафат дохил мешаванд. Масоҳати умумии он зиёда аз 7,5 млн км2 мебошад. Баҳрнаварди ҳолландӣ В. Янсзон соли 1606 якумин шуда ба соҳили Австралия расид. Баҳрнаварди дигари ҳолландӣ А. Тасман соли 1643 қисми шимолии Австралия ва ҷазираи Тасманияро таҳқиқ намуд. Муҳаққиқи англис Ҷеймс Кук соҳилҳои шарқии Австралияро саёҳат намуда, ин қитъаро мулки Англия (1770) эълон намуд. Дар охири асри XVIII муҳоҷирони англис аввалин манзилгоҳ – шаҳри Сиднейро сохтанд. Дар ибтидои давраи мустамликавӣ Англия ба ин ҷо бадарғашудагонро мефиристод, ки тадриҷан бо мардуми маҳаллӣ омехта шуда, аҳолии имрӯзаи Австралияро ташкил доданд.

пешина
аз 395
навбатӣ