Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

Дар асри давлатдории У-ди соли 138 то милод ба Осиёи Марказӣ бо сарварии Чжан Тсзян дар ҳайати беш аз сад нафар ҳайати сафоратие раҳсипор гашт. Чжан Тсзян баъди 15 соли беному нишон шудан ба назди император У-ди бозгашта, аз шаҳрҳои ободу овозадори Бохтару Суғд ва Даван (Фарғона) қиссаҳои аҷибу шавқоваре нақл мекард. Нақлҳои ҳайратовари Чжан Тсзян оид ба аспҳои хушзоти Хуталон ва Даван, ки аз насли «аспҳои осмонӣ» падид омадаанд, шавқи император У-диро барои ба даст овардани насли ин аспҳои хушзот дучанд менамуд.

Император У-ди дар наздаш мақсад гузошт, ки насли аспҳои тезтаку чобуки «осмонӣ»-ро ба даст оварда, бар душмани деринааш – хунҳо ва юеҷиҳо пирӯз гардад. Соли 105 пеш аз милод ҳайати дигари сафорати чиниҳо бо сарварии Че Лин ба Даван (Фарғона) меоянд. Аз думболи онҳо бо сарварии лашкаркаши озмуда Ли Гуанли қариб 60 ҳазор ҷанговар шаҳри Даванро муҳосира намуда, бар ивази гирифтани се ҳазор асп ва тухми аспист (юнуҷқа) сулҳ баста, бозмегарданд. Ҳамин тариқ, дар аҳди сулораи Хон Роҳи бузурги абрешим густариш ёфта, савдогарони чинӣ аз биёбони Такламакон тавассути Хутан, Ёрканд, Помир, Бохтар, Суғд ва Порт бо Шарқи Наздик доду ситад мекарданд.

пешина
аз 395
навбатӣ