Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЮНОНИ ҚАДИМ

Нахустин давлатҳои Юнони Қадим дар нимҷазираи Балкан Крит ва Микена буданд, ки дар асрҳои XVI-XV то милод ташаккул ёфтаанд. Мардуми ин давлатҳо асосан кишоварзу чорводор буда, ҳунарҳои косибӣ, киштисозӣ, кулолгарию силоҳсозӣ ва заргарӣ низ доштанд. Косибону ҳунармандони чирадасти Криту Микена маҳсулоти косибӣ, махсусан зарфҳои хушсохти кулодӣ ва зеваролотҳои биринҷиву мисини худро ба кишварҳои Осиёи Хурд ва ҳатто Сурияву Миср ҳам мефурӯхтанд.

Мактаб дар
Юнони Қадим.

ЧАРО ТАМАДДУНИ ЭЛЛИНИ МЕГӮЯНД?

Тамаддуни Юнони Қадим дар нимҷазираи Эллада, дар соҳилҳои баҳри Миёназамин пайдо шуда, аз ин рӯ дертар бо номи тамаддуни эллинӣ шуҳрат ёфтааст.
Тамаддуни эллинӣ дар шаҳр-давлатҳои нахустини Юнонзамин – Афина, Спарта, Фив, Коринф падид омада, дар осори меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва офаридани тимсоли худоёни Юнони Қадим шакл гирифт ва дертар дар бунёди Олимп ва Акропол чун падидаи беназири санъат шуҳрат ёфт. Файласуфони юнонӣ Сукрот, Афлотун ва Арасту, олимони барҷастаи соҳаи риёзиёт Фисоғурис (Пифагор), Евклид ва Архимед дар кулли ҷаҳон машҳуранд.

пешина
аз 395
навбатӣ