Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Дар ҷисми одам тахминан 565-850 мушак вуҷуд дорад. Аз нисф зиёди вазни баданро мушакҳо мебардоранд. Ҳаракати бисёр мушакҳо дар ихтиёри одам аст, масалан, ӯ метавонад бо хоҳиши худ дасташро бардорад, пояшро рост кунад, сарашро ҷунбонад ва ғайра. Мушакҳое низ ҳастанд, ки одам ҳаракати онҳоро наметавонад идора бикунад, чунончи мушакҳои дил, меъда, рӯдаҳо. Му-шакҳои дил кашиш ёфта, хунро ба рагҳо тела медиҳанд; мушакҳои меъда барои ҳазми ғизо муҳимманд; мушакҳои рӯда ғизои ҳазмгаштаро тела дода, аз организм хориҷ мекунанд. Яъне ҳар мушак вазифаи махсус дорад ва дар якҷоягӣ онҳо неруи тавонои бадани инсон мебошанд.

Ҳаҷму андозаи мушакҳои одам гуногун мебошанд. Мушаки аз ҳама бузурги инсон думба аст. Бузург будани мушаки мазкур бесабаб нест: вай кори ниҳоят мушкилро адо мекунад, яъне рон - устухони аз ҳама калону вазнини одамро ҳаракат медиҳад. Мушаки аз ҳама хурди одам дар ғӯзаи чашм аст.

пешина
аз 395
навбатӣ