Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Пӯст ҷилди бадани одам аст. Он сохт ва вазифаҳои гуногун дорад. Пӯст организмро аз ҳар гуна таъсироти зарарноки муҳит ва микробҳо ҳимоя мекунад. Яке аз вазифаҳои муҳими пӯст нигоҳ доштани ҳарорати бадан, ҳифзи организм аз сармо ё гармо аст. Аз гармиӣ зиёд организм арақ мекунад. Арақ ба воситаи ғадудҳои арақбарор ба берун мебарояд. Якҷоя бо арақ аз организм миқдори зиёди моддаҳои зарарнок низ хориҷ мешаванд. Ба ғайр аз нафас кашидан, пӯст ба воситаи рагҳои хуну лимфа ғизо низ мегирад. Дар баробари ба воя расидани одам пӯсти ӯ тағйир меёбад. Дар давраи кӯдакӣ пӯст нафису нозук буда, зуд осеб мебинад. Бо пир гаштани организм пӯст тадриҷан пажмурда мешавад. Барои фаъолияти муътадили пӯст онро тоза нигоҳ доштан зарур аст. Ҳафтае 1-2 маротиба бо оби гарму собун шустани бадан барои саломатӣ аҳамият дорад.

Пӯст аз ду қабат иборат аст: қабати дарунӣ – пӯсти аслӣ ё дерма ва қабати берунӣ – пӯстпарда ё эпидермис. Дар эпидермис рагҳои хунгард вуҷуд надоранд. Он аз ҳуҷайраҳои фавтида таркиб ёфтааст. Қабати поёнии эпидермис аз ҳуҷайраҳое иборат аст, ки тавлидкунандаи ҳуҷайраҳои наванд; қабати болоии он аз ҳуҷайраҳои фавтидаи пулакчашакл таркиб ёфтааст. Қабати болоии пӯст хушкида мерезад. Ҳамин тавр, пӯст ҳамарӯза миллиардҳо ҳуҷайраи нав тавлид карда, ҳамин миқдор ҳуҷайраро гум мекунад. Ҳуҷайраҳои фавтидаи пӯстро мо бештар ҳангоми аз пой кашидани ҷӯроб мебинем. Ба туфайли чунин тағйирот пӯст ҳамеша ботароват аст. Аз ин лиҳоз, вақте болои пӯст ранг ё маводди дигар мерезад, бо гузашти вақт он тоза мешавад, яъне қабати болой хушкида ҷойи онро пӯсти нав мегирад.

пешина
аз 395
навбатӣ