Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МУШАК
Мушакҳо узвҳоро ба ҳаракат меоваранд. Онҳо вобаста ба сохт рах-рах ва суфта мешаванд. Ба мушакҳои рах-рах мушакҳои устухонҳо мансубанд. Мушакҳои устухонҳо барои ҳаракати бадан, кори дасту пой ва сутунмуҳра, хоидану фурӯ бурдани ғизо ва ғайра муҳиманд. Мушакҳои суфта дар девори сурхраг (шарён), сиёҳраг – варид (вена), узвҳои нафас ва ҳозима, аъзои таносул мавҷуданд. Онҳо нисбат ба мушакҳои рах-рах сусттар кашиш мехӯранд.
Мушакҳо тамоми организмро фаро гирифтаанд. Қисми зиёди онҳо аз торҳои сафед иборат аст. Баъзе мушакҳо торҳои сурх дошта, рангашон нисбатан тира аст. Чунки онҳо бештар аз рагҳои хунгард иборат мебошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо